Истифодаи технологияҳои рақамӣ дар фаъолияти соҳаи об
Истифодаи технологияҳои рақамӣ дар фаъолияти соҳаи об
«Соҳаи об яке аз самтҳои калидии сиёсати давлатӣ ба ҳисоб рафта, таъмини истифодаи самаранок ва устувори захираҳои он, беҳтар намудани ҳолати инфрасохтор ва татбиқи барномаҳои соҳавӣ аз вазифаҳои аввалиндараҷа маҳсуб мешаванд».
Ин нукта дар ҷаласа оид ба ҷамъбасти натиҷаҳои фаъолияти корхонаҳои соҳаи об, ки дар Вазорати энергетика ва захираҳои об доир гардид, таъкид шуд.
Тавре ба хабарнигори мо аз хадамоти матбуоти Вазорат иттилоъ доданд, ба роҳбарони корхонаҳо барои ба роҳ мондани ҳисоби дақиқи истифодаи захираҳои об, ҷорӣ намудани барномаҳои электронии идоракунӣ, истифодаи технологияҳои рақамӣ ва зеҳни сунъӣ дар фаъолияти соҳа дастур дода шуд.
Муҳаммадуллоҳ ТАБАРОВ
Санаи нашр: 31.12.2025 №: 251-252