Ёддошти тафоҳуми Хадамоти алоқа ва ширкати «Jinda Anbang»-и Чин
Ёддошти тафоҳуми Хадамоти алоқа ва ширкати «Jinda Anbang»-и Чин
Байни Хадамоти алоқа ва Ширкати «Jinda Anbang (Beijing) Technology Development Co., Ltd»-и Ҷумҳурии Мардумии Чин оид ба ҳамкорӣ дар рушди иттилоотикунонӣ Ёддошти тафоҳум ба имзо расид.
АМИТ «Ховар» хабар додааст, ки ин санад ҳамчун замина ба баррасӣ ва ба роҳ мондани ҳамкории мутақобили судманди ҷонибҳо дар соҳаи технологияҳои иттилоотӣ ва коммуникатсионӣ, навсозии инфрасохтори рақамӣ ва пешбурди иқтисоди рақамӣ дар Тоҷикистон равона гардидааст.
Муҳаммадуллоҳ ТАБАРОВ
Санаи нашр: 31.12.2025 №: 251-252