ПАЁМИ ОЯНДАСОЗ

31 декабр 2025, Чоршанбе
18

ПАЁМИ ОЯНДАСОЗ

Паёми навбатии Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба Маҷлиси Олии кишвар “Дар бораи самтҳои асосии сиёсати дохилӣ ва хориҷии ҷумҳурӣ” аз масъалаҳои мубрами ҳаёти мардум иборат буданд. Аз ҷумла, дар Паём зикр гардид, ки нишондодҳои иқтисодӣ давоми 5-10 соли охир пайваста боло мераванд. Ҳамзамон, ба хотири тақвият бахшидани рушди иқтисодӣ ва ояндаи беҳтари мамлакат соҳаҳои муҳим, аз қабили саноату энергетика, кишоварзӣ, роҳу нақлиёт, пурра ба риштаи таҳлил кашида шуданд. 

Ин нишондодҳо бозгӯйи онанд, ки сиёсати иқтисодии пешгирифтаи Пешвои миллат муваффақона амалӣ мегардад. Махсусан, таъмини рушди иқтисоди миллӣ дар сатҳи 8 дарсад худ гувоҳӣ аз рушди ҳамаҷониба медиҳад. Дар маҷмуъ, Паёми Сарвари давлат як таҳлили пурра ва ҷиддии мантиқию илмии тамоми соҳаҳои хоҷагии халқ мебошад. Паёми навбатӣ аз он ҷиҳат фарқкунанда буд, ки он баҳри баланд бардоштани ҳисси миллӣ, худшиносии миллӣ дар такя бар таърихи пурифтихори миллати тоҷик роҳнамои бемислу такондиҳанда аст. Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Паём дар роҳи миллатсозӣ, рушди рақобатпазири иқтисоди кишвар дар арсаи байналмилалӣ ва баланд бардоштани эътибору шинохти мамлакат ҳалли масоили заруриро таъкид карданд, ки аз нуктаҳои муҳимтарин ба ҳисоб мераванд. Ҳар Паёми Пешвои миллат роҳнамои давлатсозӣ ва таърихсозӣ мебошад, ки ин навбат низ дар ин роҳ заминаҳои заруриро гузоштанд. Бавижа, барои ҳифзи фарҳангу мероси гузаштагон, ҷашну анъанаҳои куҳани миллӣ, ифтихороти таърихи шаҳрсозӣ, шаҳрдориву шаҳрнишинӣ, гиромидошти тамаддун ва ғайра, Роҳбари давлат суханони бузург гуфтанд. Ин ифтихор дар вуҷуди ҳар тоҷику тоҷикистонӣ бояд ҷой дошта бошад. Мо, ки худро меросбарони аҷдоди тамаддунсоз медонем, баҳри ҳифзу гиромидошти он бояд фаъолият кунем. Моро зарур аст, ки дастуру роҳнамоиҳои Пешвои миллатро сармашқи кор қарор дода, боз ҳам ба зиндагии шоистатар ва накутаре муяссар гардем, зеро Паёми Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон барномаи рушди минбаъдаи ҷумҳурӣ буда, дар асоси он стратегияву барномаҳои давлатӣ ва қонунгузории кишвар такмилу таҷдид мешаванд.

Фарҳод РАҲИМӢ,

раиси Кумита оид ба таҳсилоти ибтидоӣ ва миёнаи касбии назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон

Санаи нашр: 31.12.2025 №: 251-252