БАХТОФАРИНУ РОҲНАМОИ ҶОМЕА
БАХТОФАРИНУ РОҲНАМОИ ҶОМЕА
Паёми Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 16-уми декабри соли 2025 “Дар бораи самтҳои асосии сиёсати дохилӣ ва хориҷии ҷумҳурӣ” аз ҷониби тамоми мардум ҳамчун як дастури муфиду роҳнамо ва барномаи инкишофу пешравии тамоми соҳаҳои ҳаёти рӯзмарра пазируфта шуд. Муҳимияти Паём дар он ифода шуд, ки аз ҷониби Сарвари мамлакат ба мушкилиҳои мавҷуда ишора гардида, барои ба дастовардҳои назарраси иқтисодию молиявӣ ва сиёсию иҷтимоӣ расидан дастуру маслиҳатҳои пурарзиш ва судманд пешниҳод гардиданд. Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар Паёми навбатӣ ба масъалаҳои истеҳсолӣ, иҷтимоӣ ва фарҳангӣ назари тозаи худро равона намуда, иброз доштанд, ки дар шароити зудтағйирёбанда, қабл аз ҳама, ба иқтидору имкониятҳои дохилии кишвар такя бояд намуд ва барои рушди устувори иқтисодӣ, ҳифзи амнияти озуқаворӣ ва ҳимояи саломатии шаҳрвандон боз ҳам бештар талош бояд кард. Дар Паём ба масоили ҳифзи саломатӣ ва рушди илму маориф ҳамчун калиди пешрафти ҳамаи соҳаҳо аҳамияти хосса зоҳир гардида, барои беҳтар кардани шароити самаранокии муассисаҳои таълимию илмӣ тадбиру дастурҳои зарурӣ пешниҳод карда шуданд.
Пешвои муаззами миллат дар баромади хеш зикр карданд: “Ман аз рӯзҳои аввали фаъолияти худ ба ҳайси Роҳбари давлат то имрӯз дастгирӣ ва рушди илму маорифро самти афзалиятнок эълон карда, дар тули беш аз се даҳсола ба ин соҳаҳои ҳаётан муҳим таваҷҷуҳи аввалиндараҷа ва доимӣ зоҳир менамоям”. Таъкид гардид, ки барои соҳаи маориф дар соли 2026 аз ҳисоби буҷети давлатӣ қариб 14 миллиард сомонӣ пешбинӣ гардидааст, ки нисбат ба соли 2025-ум 25, 4 фоиз ва нисбат ба даҳ соли қабл, яъне соли 2015-ум, панҷу ним баробар зиёд мебошад. Аз ин лиҳоз, Ҳукумати мамлакат маблағгузории ин соҳаҳои калидиро мунтазам зиёд менамояд ва ҳар сол ҳаҷми умумии он беш аз 21 фоизи хароҷоти буҷети давлатиро ташкил медиҳад. Аз ҷониби Сарвари мамлакат супориш дода шуд, ки вазъи омӯзиши забонҳои хориҷӣ, алалхусус, русӣ ва англисӣ, дар ҳамаи зинаҳои таҳсилот таҳлилу баррасӣ гардида, ҷиҳати боз ҳам тезонидани раванди Бистсолаи омӯзиш ва рушди фанҳои табиатшиносӣ, дақиқ ва риёзӣ дар соҳаи илму маориф (солҳои 2020-2040) тадбирҳои таъхирнопазиру судманд андешида шаванд. Барҳақ иброз шуд, ки ояндаи давлату миллат аз насли босаводу донишманд, соҳибкасбу соҳибҳунар, соҳибмаърифату соҳибфарҳанг, дур аз таассубу хурофот, ватандӯсту ватанпараст ва дорои ҳисси баланди худшиносии миллӣ вобастагии амиқ дорад. Воқеан, вақте наврасону ҷавонон бесавод мемонанд, ҷомеа ба таассубу хурофот ва ҷаҳолат гирифтор мешавад, ки чунин ҳолат оқибатҳои фалокатбор дорад. Чунин таъкиди муҳим ва саривақтии Роҳбари давлатамон ба мо ҳушдор медиҳад, ки ба таълиму тарбияи насли наврас ва ҷавонон аз дидгоҳи тозаю эҷодкорона назар намуда, баҳри сайқалу пешрафти маърифати онҳо садчанд заҳмат ба харҷ диҳем.
Дар Паём, ҳамчунон, ироа гардид, ки дар даврони соҳибистиқлолӣ мақоми зан-Модар дар ҷомеа марҳала ба марҳала баланд бардошта шуда, барои бонувон шароити муносиби фаъолият фароҳам оварда шудааст. Дар зарфи солҳои соҳибистиқлолӣ нақши занону бонувон дар пойдории сулҳу субот, ҳифзи арзишҳои милливу фарҳангӣ, ифтихори миллӣ, инсондӯстиву масъулиятшиносӣ басо муассир мебошад. Нақши занон ва мақоми онҳо дар ҷомеа дар Паёми имсола ба таври алоҳида таъкид шуда, мушаххас гардид, ки саҳми бонувон дар рушди соҳаҳои маориф ва тандурустӣ афзоиш дорад ва шумораи бештари кормандони ҷодаи маорифу қисми зиёди намояндагони соҳаи тандурустиро занон ташкил медиҳанд.
Президенти мамлакат дар Паём ҷавононро имрӯзу ояндаи кишвар ва идомадиҳандаи меҳнату заҳмат ва анъанаҳои падарон номида, бори дигар онҳоро ба ҳушёрию зиракӣ водор сохтанд ва ишора карданд, ки аз равияҳои экстремистӣ, радикалӣ ва хурофотпарастӣ барканор бошанд. Ҷавонон бояд баҳри оромию ободӣ ва сарсабзии ҳамешагии кишвари азизамон саҳмгузор бошанд. Ғамхорӣ нисбат ба ҷавонон, ҳалли мушкилоти онҳо ва истифодаи дурусти ин захираи стратегии миллӣ барои пешрафту ободии Ватан ва таъмини амнияту суботи ҷомеа яке аз афзалиятҳои асосии Ҳукумати мамлакат ба шумор меравад, зеро шумораи бештари аҳолии Тоҷикистонро ҷавонон ташкил медиҳанд.
Президенти ғамхори мо дар Паём ба кормандони соҳаи маориф бо таваҷҷуҳи алоҳида баромад намуда, саҳми боризи онҳоро дар баланд бардоштани сатҳи саводу маърифатнокии мардум бо далелу бурҳони қатъӣ нишон доданд. Пешвои муаззами миллат бори дигар аз нукоти паёмҳои пешинаи хеш ёдовар гардида, баҳри амалигардонии нақшаи чорабиниҳо дар мавриди рушди бемайлону муназзами соҳаи маориф ба Ҳукумати ҷумҳурӣ, вазоратҳои молия, маориф ва илм, АМИТ ва дигар сохторҳои марбут дастуру супоришҳои мушаххас доданд. Хусусан, бо мақсади дастгирии давлатӣ ва тақвияти вазъи иҷтимоии омӯзгорон, донишҷӯёну магистрҳо ва аспиранту докторантҳо аз 1-уми сентябри соли 2026 ба андозаи 25 фоиз зиёд намудани маоши кормандони муассисаҳои таҳсилоти умумӣ ва 20 фоиз зиёд кардани маоши кормандони дигар соҳаҳои маориф ва стипендияи донишҷӯён аз ғамхориҳои пайвастаи Президенти мамлакат ва Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон нисбат ба илму маориф башорат медиҳад. Дар ҳамин радиф, Сарвари давлат таъкид намуданд, ки ба сатҳи сифатии ҳар як дарс ва машғулиятҳои амалии омӯзгорон назорати ҷиддиро ба роҳ монда, ба он муваффақ шудан зарур аст, ки муаллим дарси замонавиро бо тамоми талаботи таҷрибаи муосири ҷаҳонӣ бояд ташкил карда гузаронда тавонад.
Дар Паём Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон соли 2026-ро ба ифтихори 35-солагии Истиқлоли давлатӣ Соли вусъат додани корҳои ободониву созандагӣ ва тақвияту таҳкими худшиносиву худогоҳии миллӣ эълон намуданд. Ин иқдоми хирадмандона тақозо мекунад, ки тамоми сохтору мақомоти давлатӣ, аз ҷумла кормандони соҳаи маорифу илм, баҳри таҳкими пояҳои давлати мустақили миллӣ ва пешравии тамоми ҷанбаҳои ҳаёти мардуми кишвар ҷиддан масъулиятшинос бошанд.
Дар маҷмуъ, Паёми имсолаи Президенти мамлакатамон ба ҳар як сокини кишвар вазифаҳои тозаеро дар бобати тайёрӣ ва ботантана гузарондани Ҷашни фархундаи 35-солагии Истиқлоли давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон пеш гузошта, он ҳамчун як барномаи муфассалу мукаммали худшиносию ифтихори миллӣ аз мо тақозо месозад, ки бо меҳнати шарафмандонаву масъулияти баланди ватандорӣ ин чорабинии бузурги сиёсиро истиқбол гирем.
Суман Сафарова,
директори Муассисаи
таҳсилоти миёнаи умумии № 10-и
шаҳри Кӯлоб
Санаи нашр: 31.12.2025 №: 251-252