СУҒД Вусъати мумфаршкунии роҳҳо

31 декабр 2025, Чоршанбе
21

СУҒД

Вусъати мумфаршкунии роҳҳо

Дар партави сиёсати созандаи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон корҳои ободониву созандагӣ дар шаҳру ноҳияҳои вилояти Суғд бомаром идома доранд.

Бино ба иттилои намояндаи дафтари матбуоти раиси вилояти Суғд Андар Раҳмонӣ, соли ҷорӣ раванди мумфарш намудани роҳҳои мошингард дар тамоми 18 шаҳру ноҳияи вилояти Суғд вусъати тоза касб намуда, бо саҳми аҳолии маҳаллӣ, соҳибкорони ватандӯст ва шахсони хайрхоҳ зиёда аз 750 километр роҳи дорои аҳамияти маҳаллӣ пурра мумфарш гардидааст, ки ин нишондиҳанда нисбат ба соли гузашта қариб 100 километр зиёд мебошад. Дар иҷрои ин корҳои хайр соҳибкорон ва сокинони шаҳру ноҳияҳои Хуҷанд, Панҷакент, Исфара, Конибодом, Ҷаббор Расулов, Ашт, Спитамен ва Бобоҷон Ғафуров саҳми назаррас доранд ва дар ин самт аз ҷумлаи пешсафон ба ҳисоб мераванд.

Хусусияти муҳими ин иқдоми созандагӣ дар он аст, ки қисми зиёди корҳои мумфаршкунӣ бо ташаббуси шаҳрвандоне амалӣ мегардад, ки қаблан нияти анҷоми сафари ҳаҷро доштанд. Бо дарки арзиши баланди ободонии Ватан ва ҳисси масъулияти шаҳрвандӣ, онҳо маблағҳои худро барои беҳтар кардани шароити зиндагии мардум ва рушди инфрасохтори маҳаллӣ равона намуда, ба корҳои хайр саҳми арзанда мегузоранд.

Соли равон дар шаҳру ноҳияҳои вилояти Суғд зиёда аз 2 ҳазор километр роҳ таъмиру навсозӣ гардид, ки ин раванд ба рушди иқтисодиёти маҳаллӣ ва болоравии сатҳи зиндагии аҳолӣ мусоидат менамояд.

Сурайё ҲАКИМОВА, “Ҷумҳурият”

Санаи нашр: 31.12.2025 №: 251-252