НАВИДИ ФАРҲАНГ
ДУ ҶОИЗАИ БАЙНАЛМИЛАЛӢ БА ТОҶИКИСТОН
Филми "Бачаи обӣ" ва филми кӯтоҳи мустанади "Алиф. до. ре. ми" дар ҳафтумин Ҷашнвораи байналмилалии "Золотой Ворон" дар бахши рақобатӣ аз Тоҷикистон пазируфта шуда буданд.
Филми " Бачаи обӣ" бо коргардонии Файзулло Файз миёни 20 филми хориҷӣ дар рақобат буд ва соҳиби ҷоизаи "Беҳтарин филмнома" шуд.
Дар бахши филмҳои кӯтоҳ ва мустанад филми "Алиф. до. ре. ми" бо коргардонии Алиҷон Ҷалилов соҳиби ҷоизаи "Беҳтарин филми кӯтоҳи мустанад" гардид.
Аз кишварҳои иштирокдор намояндагони 4 мамлакат: Россия, Чин, Эрон пирӯз омаданд, ки яке аз онҳо Тоҷикистон аст.
«МО МЕТАВОНЕМ!» ҒОЛИБОНАШРО МУАЙЯН КАРД
Дар Китобхонаи миллӣ маросими ҷоизасупории озмуни “Мо метавонем!”, ки бо ташаббуси шуъбаи хизматрасонӣ ба шахсони дорои имконияташон маҳдуд роҳандозӣ шуда буд, баргузор гардид.
Ба чорабинӣ хонандагони фаъоли шуъбаи хизматрасонӣ ва шахсони имконияташон маҳдуди Китобхонаи миллӣ, ҳамчунин, хонандагон аз Коллеҷи маъюбон ва мактаби нобиноёни шаҳри Ҳисор даъват шуда буданд.
Ба ғолибони озмун, ки аз рӯи 4 номинатсия сарояндагӣ, навозандагӣ, қироати шеър ва ҳунармандӣ гузашт, туҳфаҳои хотирмон супурда шуданд.
Ҷамъбасти чорабиниро барномаи фарҳангии бошукӯҳ бо ширкати ҳунарпешагони Ансамбли давлатии “Шашмақом”-и Кумитаи телевизион ва радио оро дод.
«ТОҶИКФИЛМ»
бо киностудияи «Лендок»-и Россия филм таҳия мекунад
Директори Муассисаи давлатии «Тоҷикфилм» Маҳмадсаид Шоҳиён бо директори генералии киностудияи “Лендок” Телнов Алексей Николаевич, ки бо мақсади тақвияти ҳамкориҳо ҷиҳати таҳияи филми муштарак ба Ҷумҳурии Тоҷикистон омадааст, мулоқот анҷом дод.
Зимни вохӯрӣ доир ба рушди ҳамкориҳо, филмбардории муштарак ва ба намоиш гузоштани филмҳо дар қаламрави ҳар ду кишвар ибрози назар карда шуд.
Таъкид гардид, ки дар асоси “Тоҷикфилм” ва киностудияи “Лендок” минбаъд таҳия ва наворбардории филмҳои ҳунарии “Оромӣ дар кӯҳҳо”, “Афсонаи пирмард - Хаттоб”, филми мустанади “Масҷид” ва филми тасвирии “Бабри барфӣ” дар назар аст.
Бузургмеҳри БАҲОДУР, “Ҷумҳурият”
Санаи нашр: 15.05.2023 №: 100 - 101