«ҲИФЗИ МЕРОС» БА ТАБЪ РАСИД

31 декабр 2025, Чоршанбе
4

«ҲИФЗИ МЕРОС» БА ТАБЪ РАСИД

Тибқи дастуру ҳидоятҳои Пешвои муаззами миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон, бо мақсади муаррифии сазовори таъриху фарҳанги миллӣ, шумораи нахустини маҷаллаи илмии «Ҳифзи мерос»-и Агентии ҳифзи мероси таърихию фарҳангии назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ба нашр расид.

Маҷалла ба забонҳои тоҷикӣ, русӣ ва англисӣ нашр гардида, хонандаро бо дастовардҳои ҳифзи мероси таърихию фарҳангӣ дар соҳаи бақайдгирӣ, феҳристнигорӣ, ҳифз, тармим ва истифодаи ёдгориҳои таърихию фарҳангӣ шинос менамояд.

Ҳадафи таъсиси маҷаллаи «Ҳифзи мерос» ба шакли дуруст ва илман асоснокшуда дастрас намудани тамоми маводе аст, ки бевосита ба таъриху фарҳанги миллат марбутанд.

З. РАҶАБ, “Ҷумҳурият”

Санаи нашр: 31.12.2025 №: 251-252