“ФАРҲАНГИ СУМАНАКПАЗӢ” БА ФЕҲРИСТИ ЮНЕСКО ВОРИД ГАРДИД

31 декабр 2025, Чоршанбе
3

“ФАРҲАНГИ СУМАНАКПАЗӢ” БА ФЕҲРИСТИ ЮНЕСКО ВОРИД ГАРДИД

10-уми декабри соли равон дар шаҳри Деҳлии Нав зимни иҷлосияи 20-уми Кумитаи байниҳукуматии мероси фарҳанги ғайримоддии ЮНЕСКО номинатсияи миллии Ҷумҳурии Тоҷикистон «Фарҳанги суманакпазӣ» қабул шуда, ба Феҳристи мероси фарҳанги ғайримоддии ЮНЕСКО ворид гардид.

Дар ин хусус Вазорати корҳои хориҷӣ хабар додааст. Гуфта мешавад, ки ин номинатсия аз ҷониби Комиссияи миллӣ оид ба корҳои ЮНЕСКО таҳия гардида, соли 2023 ба баррасии созмони зикргардида пешниҳод гардида буд.

З. РАҶАБ, “Ҷумҳурият”

Санаи нашр: 31.12.2025 №: 251-252