Милан Миланович – сармураббии нави “Хуҷанд”
ФУТБОЛ
Милан Миланович – сармураббии нави “Хуҷанд”

Мутахассис аз Ҷумҳурии Сербия Милан Миланович сармураббии нави клуби футболи “Хуҷанд” таъин гардид. Ӯ соҳиби муҷаввизи дараҷаи мураббигии “UEFA Pro” буда, қаблан дар кишварҳои Сербия, Руминия ва Қазоқистон фаъолият намудааст.
Раиси вилояти Суғд, раиси Федератсияи футболи вилоят Раҷаб Аҳмадзода бо Милан Миланович мулоқот кард. Зимни суҳбат масъалаҳои баланд бардоштани сатҳи бозии даста, беҳтар намудани нишондиҳандаҳои варзишӣ, ҷалби бозигарони ботаҷриба ва тарбияи футболбозони ҷавон баррасӣ шуд.
Раҷаб Аҳмадзода ба сармураббии нав барори кор хоста, ҷиҳати дар сатҳи баланд омода намудани даста ва таъмини иштироки фаъолона дар мусобиқаҳои дохиливу байналмилалӣ супоришҳои мушаххас дод. Изҳори бовар карда шуд, ки ҷалби мутахассиси хориҷии дорои таҷрибаи ғанӣ ба беҳтар гардидани нишондиҳандаҳои дастаи футболи “Хуҷанд” ва рушди минбаъдаи футбол дар вилоят мусоидат хоҳад кард.
Дар ҳамин ҳол, роҳбарияти клуби футболи «Истиқлол» ва ситоди мураббиёни даста таҳти роҳбарии сармураббӣ Игор Черевченко тасмим гирифтанд, ки шартномаҳоро, ки муҳлаташон анҷом ёфт, тамдид накунанд.
Баъди ба охир расидани муҳлати шартномаҳо, сармураббӣ Игор Черевченко, мураббии калон Юрий Батуренко, мураббӣ Дилшод Восиев, мураббии дарвозабонҳо Дмитрий Тяпушкин ва мураббии тарбияи бадан Дорде Коралич дастаро тарк намуданд.
Умаралӣ САФАРАЛӢ, “Ҷумҳурият”
Санаи нашр: 31.12.2025 №: 251-252