Медали Бозиҳои олимпии наврасон дар Дакар чӣ гуна хоҳад буд?

31 декабр 2025, Чоршанбе
9

БОЗИҲОИ МАҶМУӢ

Медали Бозиҳои олимпии наврасон дар Дакар чӣ гуна хоҳад буд?

Кумитаи байналмилалии олимпӣ тарҳи медали 4-ум Бозиҳои олимпии наврасонро муаррифӣ кард. Тарҳе, ки аз Сенегал ва арзишҳои олимпӣ илҳом гирифтааст.

"Ғурриши ҷавонӣ", ки пас аз таҳқиқоти санъат ва фарҳанги Сенегал таҳия шудааст, шерро дар марказ ҷойгир мекунад, ки ҳам кишвари мизбон ва ҳам арзишҳои қувват ва шуҷоатро ифода месозад. Ёлҳои шер, ки баргирифта аз ҳунари Сенегал аст, адолат ва эҳтиромро дар варзиш ифода мекунанд. Ҳар як чеҳра бо тоҷи зайтун оро дода шудааст, ки ба Бозиҳои олимпии Юнони қадим асос ёфтааст. Тарҳ бо хатҳо пурра карда шудааст ва медалеро эҷод мекунад, ки ҳам фарҳанги маҳаллӣ ва ҳам арзишҳои олимпиро инъикос менамояд.

Тарроҳи медал Барбадилло Викарио дар шарҳи он гуфтааст: "Вақти тарроҳии медал дар бораи он фикр мекардам, вақте онро баъдтар дар хона доред, бидонед, он ҳама чизеро, ки шумо дар муддати замонҳо ба даст овардаед, ифода мекунад – на танҳо лаҳзаи ба даст овардани он, балки тамоми заҳмати паси он ва он чизе, ки метавонад шуморо дар оянда ангеза диҳад".

Барбадилло Викарио, ки айни замон дар соҳаи тарроҳии UX/UI дараҷаи магистрӣ таҳсил мекунад, афзуд: “Ман мехостам, ки барандагони медал дар хотир дошта бошанд, ки дар куҷо буданд ва дар он ҷо чӣ ба даст оварданд. Гап дар бораи донистани он аст, ки шумо сафар кардаед, дар ҷое будед ва бо кӯшиши худ ба чизе ноил гаштаед”.

Дар озмуни тарҳи медал, ки моҳи сентябри соли 2025 оғоз шуда буд, аз 103 кишвар лоиҳаҳо пешниҳод шуданд.

Бозиҳои олимпии наврасон дар Дакар аз 31-уми октябр то 13-уми ноябри соли оянда баргузор мешавад, ки дар он 2700 варзишгари то 17-сола иштирок мекунад.

Умаралӣ САФАРАЛӢ, “Ҷумҳурият”

Санаи нашр: 31.12.2025 №: 251-252