БМТ Гузориш аз ҷаласаи корӣ

31 декабр 2025, Чоршанбе
2

БМТ

Гузориш аз ҷаласаи корӣ

Таҳти роҳбарии муовини раиси Бонки миллии Тоҷикистон Сироҷиддин Икромӣ ва бо иштироки роҳбарони ташкилотҳои аудитории дорои ҳуқуқи анҷом додани аудити ташкилотҳои суғуртавӣ, намояндагони Вазорати молияи Ҷумҳурии Тоҷикистон ва воҳидҳои сохтории дахлдори Бонки миллии Тоҷикистон ҷаласаи корӣ баргузор гардид.

Дар он масъалаҳо оид ба вазъи кунунии низоми суғуртаи кишвар, муҳимияти санҷиши аудити берунаи ҳисоботҳои муҳосибӣ ва сифати аудити берунаи ташкилотҳои суғуртавӣ, мушкилоту камбудиҳои ҷойдошта дар хулосаҳои аудиторӣ ва чораандешиҳои Бонки миллии Тоҷикистон дар ин самт мавриди баррасӣ қарор гирифтанд.

Сироҷиддин Икромӣ ёдовар шуд, ки Бонки миллии Тоҷикистон ҳамчун мақоми назорати суғуртавӣ баъди ба зиммаи он вогузор шудани ваколати назорати суғуртавӣ корҳои назаррасеро анҷом дод, ки ба ташаккул ва рушди низоми суғурта дар Ҷумҳурии Тоҷикистон мусоидат намуданд.

Зикр гардид, ки дар заминаи ислоҳоти соҳаи суғуртаи мамлакат дар соли 2025 як қатор санадҳои меъёрии ҳуқуқии зерқонунӣ таҳия ва қабул шуданд, ки раванди баҳисобгирии муҳосибӣ ва ҳисоботи молиявии соҳаи суғуртаро пурра ба танзим дароварда, шаффофиятро дар низом таъмин менамоянд. Аз ҷумла:

• тартиб ва меъёрҳои тарҳи ҳиссаҷудокуниҳо ба фондҳои захиравии суғуртавӣ;

• тартиби таҳия ва муҳлати пешниҳоди ҳисоботҳои молиявӣ;

• феҳристи ҳисобҳои тавозунӣ барои ташкилотҳои суғуртавӣ (азнавсуғуртакунӣ);

• тавсифи ҳисобҳои тавозунӣ барои ташкилотҳои суғуртавӣ (азнавсуғуртакунӣ).

Муовини раиси Бонки миллии Тоҷикистон иброз дошт, ки бо вуҷуди пешравиҳо ва дастовардҳои соҳа, дар самти санҷиши аудити ҳатмии ҳисоботҳои молиявии ташкилоти суғуртавӣ (азнавсуғуртакунӣ) камбудиҳо ба назар мерасанд, ки бартараф намудани онҳо дар якҷоягӣ бо ташкилотҳои аудиторӣ, Вазорати молияи Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Бонки миллии Тоҷикистон саривақтӣ ва муҳим арзёбӣ мегардад.

Дар фарҷом бо мақсади таъмини шаффофият дар низоми суғурта ва тақвияти боварии аҳолӣ ба хизматрасониҳои суғуртавӣ даъват ба амал оварда шуд, ки ҳамаи тарафҳои манфиатдор, хусусан ташкилотҳои аудиторӣ, фаъолияти худро бо риояи стандартҳои аудит дар доираи принсипҳои қонуният, беғаразӣ ва поквиҷдонӣ ба роҳ монда, бо истифода аз малакаву салоҳияти касбӣ дар рушди бемайлони соҳаи суғуртаи кишвар саҳмгузор бошанд.

Муҳаммадзоиршо

ШАРИФЗОДА, “Ҷумҳурият”

Санаи нашр: 31.12.2025 №: 251-252