Хидматрасониҳо дардеҳот беҳтар мегарданд

31 декабр 2025, Чоршанбе
11

СПИТАМЕН

Хидматрасониҳо дардеҳот беҳтар мегарданд 

Корҳои ободониву созандагӣ дар ноҳияи Спитамен рӯз ба рӯз вусъат ёфта, бо талоши мақомоти маҳаллӣ, соҳибкорон ва сокинон як қатор иншооти муҳими иҷтимоӣ ва муассисаҳои таълимӣ бунёду навсозӣ мегарданд.

Дар ин радиф, чанде пеш, дар деҳаи Саидқалъаи Ҷамоати деҳоти Истиқлол маркази хидматрасонии «Ризқ» ба истифода дода шуд. Маросими ифтитоҳи ин иншооти иҷтимоию хидматрасонӣ дар фазои тантанавӣ баргузор гардида, сокинони маҳаллӣ ин иқдомро ҳамчун қадами муҳим дар самти беҳтар гардондани сатҳи зиндагӣ ва рушди хидматрасониҳо дар деҳот истиқбол намуданд. Ин иншоот имкон медиҳад, ки ниёзҳои рӯзмарраи сокинон дар маҳал қонеъ гардида, сатҳи хидматрасонӣ ба аҳолӣ беҳтар шавад.

Ҳамзамон, дар идомаи корҳои ободониву созандагӣ, дар деҳаи Лангари Ҷамоати деҳоти Тағояк сохтмони боғчаи бачагона бо иштироки фаъолонаи сокинон ва дастгирии соҳибкорони маҳаллӣ оғоз ёфт. Боғчаи нав бо назардошти талаботи замони муосир бунёд шуда, дар он синфхонаҳои барҳаво, утоқҳои бозӣ, майдончаҳои варзишӣ ва дигар шароити зарурӣ барои таълиму тарбияи кӯдакон фароҳам оварда хоҳад шуд.

Масъулон таъкид намуданд, ки татбиқи чунин лоиҳаҳо дар деҳот ба рушди устувори иҷтимоию иқтисодии минтақаҳо мусоидат намуда, дар самти таъмини зиндагии шоистаи сокинон нақши муассир мегузорад ва ҳисси масъулияту ҳамбастагии мардумро дар роҳи ободии диёр тақвият мебахшад.

Сурайё ҲАКИМОВА, “Ҷумҳурият”

Санаи нашр: 31.12.2025 №: 251-252