Таҳдиди зиндон ба хушдомане, ки келинашро ба худкушӣ расонд

31 декабр 2025, Чоршанбе
9

Ҷиноят ва ҷазо

Таҳдиди зиндон ба хушдомане, ки келинашро ба худкушӣ расонд

Мақомоти корҳои дохилӣ нисбат ба зани 48-солаи сокини ноҳияи Ҷайҳун барои ба худкушӣ расондани келинаш парвандаи ҷиноятӣ оғоз намудаанд.

Дар ин бора сомонаи Вазорати корҳои дохилӣ хабар дод. Тибқи иттилои манбаъ, аз ҷониби кормандони милитсия муайян карда шудааст, ки ин зан аз соли 2019 то инҷониб нисбат ба келинаш (ҷавонзани 23-сола) муомилаи бераҳмонаро раво дида, ӯро лату кӯб ва мунтазам шаъну шарафашро паст мезадааст. Дар пайи чунин муносибати бераҳмона ҷабрдида 8-уми сентябри соли 2025 қасд ба ҷони худ зада, сирко истеъмол мекунад ва дар роҳи бемористон ба ҳалокат мерасад.

Вобаста ба ин ҳолат, нисбат ба гумонбаршаванда бо моддаи 109 қисми 1 Кодекси ҷиноятӣ (бо роҳи таҳдид, муомилаи бераҳмона ё пастзании мунтазами шаъну эътибори шахси ҷабрдида ба худкушӣ ё суиқасди худкушӣ расондани шахс) парвандаи ҷиноятӣ оғоз гардидааст, ки ин банди Кодекс ҷазо дар намуди маҳрум сохтан аз озодӣ ба муҳлати аз се то панҷ солро пешбинӣ мекунад.

Шуъбаи ҳуқуқи рӯзномаи “Ҷумҳурият”

Санаи нашр: 31.12.2025 №: 251-252