Пешгирии муомилоти ғайриқонунии маводи тарфгарӣ

31 декабр 2025, Чоршанбе
6

Пешгирии муомилоти ғайриқонунии маводи тарфгарӣ

Дар ноҳияи Бобоҷон Ғафурови вилояти Суғд ва ноҳияи Кӯшониёни вилояти Хатлон аз ҷониби кормандони милитсия ду ҳолати вобаста ба муомилоти ғайриқонунии маводи тарфгарӣ ошкор ва пешгирӣ карда шуд.

Бино ба иттилои маркази матбуоти ВКД, ба гумони даст задан ба ин амали ғайриқонунӣ ноболиғи 17-солаи ноҳияи Бобоҷон Ғафуров ва ҷавони 25-солаи ноҳияи Кӯшониён боздошт гардида, нисбат ба онҳо парвандаи ҷиноятӣ оғоз гардидааст.

Шуъбаи ҳуқуқи рӯзномаи “Ҷумҳурият”

Санаи нашр: 31.12.2025 №: 251-252