«Соро компания» – ғолиби Суперлигаи футзали Тоҷикистон-2025

05 январ 2026, Душанбе
4

ФУТЗАЛ

«Соро компания» – ғолибии Суперлигаи футзали Тоҷикистон-2025

Дастаи «Соро компания»-и Душанбе зери роҳбарии Пайрав Воҳидов дар Суперлигаи футзали Тоҷикистон-2025 ғолиб омад.

Дар финал, ки аз панҷ бозӣ иборат буд, «Соро компания» бар «Сипар»-и шаҳри Хуҷанд ғалаба кард.

Ин шашумин унвони чемпионии «Соро компания» дар таърихи мавҷудияташ ба ҳисоб меравад. Бошгоҳи шаҳри Душанбе қаблан дар солҳои 2018, 2019, 2021, 2022 ва 2024/25 ғолиби Суперлигаи футзали Тоҷикистон шуда буд.

Медалҳои нуқраи Суперлига насиби дастаи «Сипар» ва медалҳои биринҷӣ насиби «Истиқлол» гардиданд.

Умаралӣ САФАРАЛӢ, “Ҷумҳурият”

Санаи нашр: 5.01.2026 №: 1-2