Баррасии татбиқи лоиҳаҳои Иттиҳоди Аврупо ва САҲА дар Тоҷикистон
Баррасии татбиқи лоиҳаҳои Иттиҳоди Аврупо ва САҲА дар Тоҷикистон
Вазири корҳои хориҷӣ Сироҷиддин Муҳриддин бо роҳбари Намояндагии Иттиҳоди Аврупо дар Тоҷикистон Радослав Дарски ва иҷрокунандаи вазифаи роҳбари Дафтари барномаҳои Созмони амният ва ҳамкорӣ дар Аврупо (САҲА) дар Тоҷикистон Татяна Тсуркан мулоқот кард.
Тавре аз Вазорати корҳои хориҷӣ хабар доданд, ҷонибҳо роҷеъ ба ҳолати кунунӣ ва дурнамои рушди ҳамкориҳои судманд мубодилаи афкор намуда, татбиқи лоиҳаҳои Иттиҳоди Аврупо ва САҲА-ро дар Тоҷикистон баррасӣ карданд.
Масъули гӯша: Умаралӣ САФАРАЛӢ
