Мулоқоти Давлаталӣ Саид бо директори ширкати CNPC СА

07 январ 2026, Чоршанбе
12

Мулоқоти Давлаталӣ Саид бо директори ширкати CNPC СА

Дар мулоқоти раиси вилояти Хатлон Давлаталӣ Саид бо директори ширкати CNPC СА дар Тоҷикистон Лу Бинг густариши робитаҳои корӣ бо ширкатҳои Чин яке аз самтҳои афзалиятноки фаъолияти иқтисодии хориҷӣ шумурда шуда, баҳри тақвият додани истеҳсоли маҳсулоти саноатӣ гуфтугӯ сурат гирифт.

Ширкати мазкур дар Тоҷикистон лоиҳаи худро дар соҳаи истихроҷи нафту газ дар минтақаи Бохтар амалӣ менамояд. Айни замон ширкат ба коркард ва тафсири маълумот тамаркуз кардааст. Барои анҷоми ин кор аз таҷҳизоти замонавӣ истифода бурда, мутахассисони баландихтисосро аз Чин ҷалб намудааст. Ҳамчунин, дар вилоят беш аз 1000 ҷойи корӣ таъсис додааст.

Масъули гӯша: Умаралӣ САФАРАЛӢ