Деҳоти Бадахшон бо барқи аз ҷиҳати экологӣ тоза таъмин мешаван

07 январ 2026, Чоршанбе
19

Деҳоти Бадахшон бо барқи аз ҷиҳати экологӣ тоза таъмин мешаванд

Дар ноҳияи Шуғнони Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон айни замон сохтмони бузургтарин неругоҳи офтобӣ дар ҳудуди вилоят бо иқтидори 3 МВт идома дорад. Феълан зиёда аз 80 фоизи корҳои сохтмони неругоҳ анҷом ёфтааст.

АМИТ «Ховар» бо истинод ба Вазорати энергетика ва захираҳои об иттилоъ додааст, ки аввалин неругоҳҳои офтобии Тоҷикистон дар Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон бунёд ва ба истифода дода шудаанд, то деҳаҳои дурдаст бо неруи барқ таъмин гарданд. Дар доираи татбиқи лоиҳаи «Электрификатсияи деҳот» дар ВМКБ тамоми деҳаҳо тавассути неругоҳҳои хурди барқи обӣ, офтобӣ ва бодӣ бо барқи аз ҷиҳати экологӣ тоза ва боэътимод таъмин мешаванд. Дар доираи лоиҳа сохтмони 44 шабакаи худмухтор, аз ҷумла 30 неругоҳи офтобӣ, 13 неругоҳи барқи обии хурд ва як неругоҳи бодӣ, бо истифода аз манбаъҳои гуногуни тавлиди неруи барқ пешбинӣ шудааст.

Масъули гӯша: Умаралӣ САФАРАЛӢ