2026 Чӣ чорабиниҳо моро интизоранд?

07 январ 2026, Чоршанбе
25

2026

Чӣ чорабиниҳо моро интизоранд?

Варзишгарони кишвар соли 2025-ро бо дастовардҳои назаррас ҷамъбаст намуданд. Се медал дар Чемпионати ҷаҳонии ҷудо, ду медал дар Чемпионати ҷаҳонии бокс, 8 медал дар Бозиҳои ҳамбастагии исломӣ, муваффақияти варзишгаронамон дар Бозиҳои осиёии наврасон ва Бозиҳои ИДМ миёни наврасон муҳимтарин дастоварди соҳаи варзиши кишвар дар соли рафта мебошад.

Мо ба соли нави 2026 қадам ниҳодем, ки аз чорабиниҳои варзишӣ бой аст. Аз ҷумла, 6-22-юми феврал шоҳиди Бозиҳои зимистонаи олимпӣ мегардем, ки дар шаҳрҳои Милано ва Кортинаи Италия доир хоҳад шуд. Ба барномаи бозиҳо 8 намуди варзиш, мисли биатлон, бобслей, кёрлинг, намудҳои варзиши конкӣ, намудҳои варзиши лижаронӣ, чанатозӣ, ҳоккей, лижаронии кӯҳӣ, ворид шудааст.

6 маҷмуи медалҳо (7 маҷмуи медал бештар нисбат ба соли 2022) мубориза мебаранд. Варзишгарони Бенин, Гвинеа-Биссау ва Амороти Муттаҳидаи Араб бори аввал дар Бозиҳои олимпии зимистона иштирок мекунанд.

Ба иттилои Муҳаммадшо Абдуллозода, котиби генералии Кумитаи миллии олимпии Тоҷикистон, 4 варзишгари мо дар намуди лижаронии кӯҳӣ барои ба даст овардани роҳхат талош доранд. Мусобиқаҳои интихобӣ то охири моҳи январ идома меёбанд.

Бори охир лижабозони мо соли 2014 дар Бозиҳои зимистонаи олимпии Сочи ширкат карда буданд. Бозиҳо соли 2018 дар Пйонгчанг (Ҷумҳурии Корея) ва соли 2022 дар Пекин (Чин) бе иштироки дастаи Тоҷикистон гузашт.

Моҳи апрел (22-30-юм) бошад, баргузории Бозиҳои соҳилии Осиё дар назар аст. Чорабиниро шаҳри Санйаи Чин мизбонӣ мекунад. Ногуфта намонад, ки Бозиҳои соҳилии Осиё пас аз 10 соли танаффус доир мегардад. Охирин маротиба ин чорабинӣ соли 2016 дар Ветнам баргузор шуда буд.

Ба барномаи 6-ум Бозиҳои соҳилии Осиё дар Санйа 14 намуди варзиш ворид аст: баскетбол (3х3), варзишҳои обӣ (шиноварии озод, тӯббозӣ дар об), акватлон, варзиши сабуки соҳилӣ, ҳандболи соҳилӣ, кабаддии соҳилӣ, футболи соҳилӣ, волейболи соҳилӣ, гӯштии соҳилӣ, қайиқи дракон, ҷиуҷитсу, заврақронӣ, шӯхпаймоӣ ва теқбол. Ҳайати олимпии Тоҷикистон дар намудҳои баскетбол, футболи соҳилӣ, волейболи соҳилӣ, гӯштии соҳилӣ ва ҷиуҷитсу ширкат хоҳад кард.

Тобистон, аз 11-уми июн то 19-уми июл, дар ИМА, Мексика ва Канада Чемпионати ҷаҳонии футбол доир мегардад. Бори аввал аст, ки мусобиқа дар се давлат ва бо иштироки 48 дастаи мунтахаб баргузор мешавад. Тимҳои миллии Ӯзбекистон, Урдун, Кабо Верде ва Кюрасао бори аввал ба ин мусобиқа роҳхат гирифтанд. Аз 48 даста то имрӯз номи 42 дастаи иштирокчӣ маълум аст. Барандагони 6 роҳхати дигар 31-уми март муайян мегарданд.

48 даста дар 12 гурӯҳи чордастаӣ бозӣ мекунанд ва аз ҳар гурӯҳ дудастаӣ, инчунин, 8 дастаи ҷойи сеюми гурӯҳҳо бо натиҷаи беҳтар ба плей-офф мебароянд.

Дар ҳамин ҳол, тими миллии Тоҷикистон талошро барои роҳхат ба Ҷоми Осиё-2027 идома медиҳад. Дар гурӯҳи “А” охирин бозиҳо 31-уми март ба нақша гирифта шудааст. Тоҷикистон дар ин рӯз бо Филиппин вомехӯрад. Ҳар ду даста 13 хол доранд ва барои ягона роҳхат ба Ҷоми Осиё-2027, ки дар Арабистони Саудӣ баргузор мешавад, талош мекунанд.

Тирамоҳ се чорабинии маҷмуии варзишӣ ба нақша гирифта шудааст. Нахуст, аз 19-уми сентябр то 4-уми октябр дар шаҳрҳои Нагая ва Аичии Ҷопон 20-ум Бозиҳои Осиё доир мешавад. Ба барномаи Бозиҳо 42 намуди варзиш ворид шудааст ва варзишгарон аз 45 давлати қора, аз ҷумла Тоҷикистон, барои 460 маҷмуи медалҳо мубориза мекунанд. Дар 19-ум Бозиҳои Осиё, ки соли 2022 дар Ҳангжоуи Чин доир гашт, варзишгарони мо сазовори 7 медал (2 тилло, 1 нуқра, 4 биринҷӣ) гашта буданд. Медалҳои тиллоро Давлат Болтаев (бокс), Сомон Маҳмадбеков (ҷудо), медали нуқраро Темур Раҳимов (ҷудо), медалҳои биринҷиро Беҳрӯз Хоҷазода (ҷудо), Миҷгона Самадова (бокс), Хайрандеш Муродзода, Ҳақназар Назаров (ҳар ду – кураш) сазовор гаштанд.

Сипас, аз 31-уми октябр то 13-уми ноябр пойтахти Сенегал – шаҳри Дакар 4-ум Бозиҳои олимпии наврасонро мизбонӣ мекунад. Ин аввалин маротиба аст, ки як давлати африқоӣ бозиҳои олимпиро мегузаронад. Бозиҳои олимпии наврасон қарор буд соли 2022 доир гардад, вале бо сабаби пандемияи коронавирус он ба соли 2026 гузаронда шуд.

Ба барномаи Бозиҳо 25 намуди варзиш ворид аст ва дар мусобиқот наздики 3000 варзишгари то 17-сола ширкат мекунанд. Ба иттилои Кумитаи миллии олимпии Тоҷикистон, имсол тартиби интихоби варзишгарон ба Бозиҳои олимпии наврасон фарқ мекунад. Агар қаблан варзишгарон роҳхат мегирифтанд, вале Кумитаи байналмилалии олимпӣ қарор қабул кард, ки иштирокчиёни Бозиҳои олимпии наврасонро федератсияҳои байналмилалӣ дар асоси радабандии ҷаҳонӣ интихоб намоянд.

Соли 2026 бо Бозиҳои Осиё дар иншооти пӯшида ва ҳунарҳои размӣ ба поён мерасад. Ин чорабиниро аз 28-уми ноябр то 7-уми декабр Арабистони Саудӣ мизбонӣ мекунад. Дар бозиҳо иштироки варзишгарон аз 45 давлати Осиё, аз ҷумла Тоҷикистон, инчунин, кишварҳои Уқёнус дар назар аст.

Дар баробари бозиҳои маҷмуӣ даҳҳо мусобиқаи анъанавӣ оид ба намудҳои алоҳидаи варзиш низ баргузор мешаванд. Махсусан, имсол аз рӯйи бисёр намудҳои варзиш мусобиқаҳои интихобӣ ба Бозиҳои олимпии соли 2028 оғоз меёбанд. Чемпионати ҷаҳонии ҷудо 4-11-уми октябр дар Бокуи Озарбойҷон, Чемпионати ҷаҳонии гӯштии тарзи озод ва юнонӣ-римӣ 13-21-уми сентябр дар Загреби Хорватия, Чемпионати ҷаҳонии қайиқронӣ дар байдарка ва каноэ 26-30-юми август дар Познани Полша, Чемпионати ҷаҳонии тенниси рӯйи миз 1-10-уми май дар Лондони Англия доир мегарданд, ки иштироки варзишгарони мо дар ин мусобиқаҳо дар назар аст.

Умаралӣ САФАРАЛӢ,

“Ҷумҳурият”

Санаи нашр: 7.01.2026 №: 3