Мудири ғоратгари бонк ба ҷавобгарӣ кашида шуд

08 январ 2026, Панҷшанбе
17

Мудири ғоратгари бонк ба ҷавобгарӣ кашида шуд

Мудири маркази хидматрасонии бонкии №260 ҶСП “Спитамен-Бонк” дар шаҳри Бохтар, ки аз ӯ марди 34-сола ном бурда мешавад, ба гумони тасарруфи беш аз 1 миллион сомонӣ ба ҷавобгарии ҷиноятӣ кашида шуд.

Дар ин бора маркази матбуоти Вазорати корҳои дохилӣ хабар дод. Тибқи иттилои манбаъ, номбурда аз моҳи феврали соли 2024 то 30-юми декабри соли 2025 аз ҳисоби маблағҳои терминали худкори пардохтӣ ба миқдори 1 миллиону 386 ҳазору 997 сомониро тасарруф намуда, ба манфиати шахсии худ сарф намудааст.

Ҳоло нисбат ба гумонбар бо моддаи 245 қисми 4 Кодекси ҷиноятӣ (азонихудкунӣ ё исрофкорӣ ба миқдори махсусан калон) парвандаи ҷиноятӣ оғоз шуда, тафтишот идома дорад, ки ин банди қонун ҷазо дар намуди ҷарима ё маҳрум сохтан аз озодӣ ба муҳлати аз ҳашт то дувоздаҳ солро пешбинӣ менамояд.

Шуъбаи ҳуқуқи рӯзномаи “Ҷумҳурият”