“Хонафурӯшон”-и фиребгар ба курсии айбдорӣ нишастанд

07 январ 2026, Чоршанбе
8

“Хонафурӯшон”-и фиребгар

ба курсии айбдорӣ нишастанд

Як сокини ноҳияи Фархор (марди 41-сола), ки эҳтимол ба доми фиреб афтодааст, ба ШВКД-1 дар ноҳияи Рӯдакӣ бо ариза муроҷиат карда, ба мақомот аз кирдори қаллобии ду нафар бо номҳои “Мустафо” ва “Муҷтабо” хабар додааст.

Ба қавли муроҷиаткунанда, ин афрод барои харидорӣ намудани манзили истиқоматӣ аз биноҳои баландошёнаи воқеъ дар ҳудуди деҳаи Элок, Ҷамоати шаҳраки Мирзо Турсунзодаи ноҳияи Рӯдакӣ дар се марҳала 441 ҳазору 48-сомониашро гирифта, то ҳол ба ӯ на манзили истиқоматӣ дода, на маблағашро пас гардондаанд.

Бино ба иттилои сомонаи ВКД, дар пайи муроҷиати ин шаҳрванд кормандони милитсия муайян карданд, ки мардони 50 ва 34-солаи ноҳияи Рӯдакӣ даст ба чунин амал зада, феълан алайҳи онҳо ҳамчун гумонбар дар содир намудани ҷинояти қаллобӣ тафтишот оғоз шудааст.

Шуъбаи ҳуқуқи рӯзномаи “Ҷумҳурият”