Милитсия ба дасти марди кордбадаст завлона зад
Милитсия ба дасти марди кордбадаст завлона зад
Кормандони милитсия дар пойтахти мамлакат мардеро дастгир намуданд, ки барои қасдан расондани зарари вазнин ба саломатӣ муттаҳам мешавад.
Тавре дар ин бора маркази матбуоти ВКД хабар дод, гумонбаршаванда марди 27-солаи сокини шаҳри Душанбе буда, 25-уми декабри соли 2025 дар кӯчаи А. Қаҳҳорови шаҳри Душанбе бо марди 54-сола муноқиша карда, ӯро бо се зарби корд захмӣ кардааст, ки тибқи санади судӣ-тиббӣ ҷароҳати бардоштаи ҷабрдида дараҷаи вазнин арзёбӣ мешавад.
Шуъбаи ҳуқуқи рӯзномаи “Ҷумҳурият”
