Мулоқоти Файзалӣ Идизода бо Абдуллоҳ ибни Муҳаммад
Мулоқоти Файзалӣ Идизода бо Абдуллоҳ ибни Муҳаммад
Раиси Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олӣ Файзалӣ Идизода бо Раиси Маҷлиси Шурои Шоҳигарии Арабистони Саудӣ Абдуллоҳ ибни Муҳаммад ибни Иброҳим оли Шайх мулоқот намуд.
Тавре аз Маҷлиси намояндагон хабар доданд, ҷонибҳо масъалаҳои мубрами таҳким ва густариши ҳамкории байнипарлумонии Тоҷикистону Арабистони Саудиро баррасӣ карданд.
Таъкид гардид, ки робитаҳои дӯстона ва бародаронаи ду давлат дар заминаи эҳтироми мутақобил ва муштарак рушд меёбанд. Ҷонибҳо барои густариши минбаъдаи ҳамкории мутақобили судманд изҳори омодагӣ намуданд.
