Вусъати корҳои созандагӣ дар Хуҷанд

08 январ 2026, Панҷшанбе
14

Вусъати корҳои созандагӣ дар Хуҷанд

Корҳои ободониву созандагӣ ба ифтихори Ҷашни 35-солагии Истиқлоли давлатӣ дар шаҳри Хуҷанд вусъати тоза касб намудааст.

Раиси вилояти Суғд Раҷаб Аҳмадзода бо раванди сохтмони як қатор иншооти муҳими ҷашнӣ, аз ҷумла бинои нави Муассисаи давлатии «Қароргоҳи Сарвари давлати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар шаҳри Хуҷанд», тарабхонаҳои замонавӣ дар соҳили Сирдарё, маҷмааи муосири варзишии «Суғд-Арена», бинои нави палатаи савдо ва саноати вилояти Суғд, биноҳои нави суди вилояти Суғд, шуъбаи Вазорати корҳои дохилӣ ва қасри фарҳанг бо 3 ҳазор ҷойи нишаст дар Хуҷанд, Боғи фарҳангӣ-фароғатии ба номи Абулқосим Фирдавсӣ шинос шуд.

АМИТ "Ховар"