Туҳфаи Пешвои миллат ба хонаводаи афсари ҷонфидои Ватан

09 январ 2026, Ҷумъа
14

Туҳфаи Пешвои миллат ба хонаводаи афсари ҷонфидои Ватан

Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба хонаводаи афсари ҷонфидои миллат Исматулло Қурбонов дар маркази шаҳри Бохтар хонаи дуҳуҷрагӣ тақдим намуданд. Ҳамчунин, аз ҷониби раиси вилояти Хатлон ба ин хонавода ёрии молиявӣ расонда шуд.

Ёдовар мешавем, ки 23-юми декабри соли гузашта се узви ташкилоти террористӣ дар минтақаи муҳофизатии дидбонгоҳи сарҳадии №5-и «Боғ», воқеъ дар ноҳияи Шамсиддин Шоҳин, сарҳади давлатиро убур карда, аз Афғонистон ба Тоҷикистон ворид гаштанд.

Зимни задухӯрди мусаллаҳона хизматчиёни ҳарбии Қӯшунҳои сарҳадии КДАМ Зиреҳбон Наврӯзбеков ва Исматулло Қурбонов ба ҳалокат расиданд.

Умаралӣ САФАРАЛӢ, "Ҷумҳурият"