Дар ноҳияи Айнӣ бунёди ду ҳавзи амудии об оғоз ёфт

09 январ 2026, Ҷумъа
35

Дар ноҳияи Айнӣ бунёди ду ҳавзи амудии об оғоз ёфт

Дар доираи Соли вусъат додани корҳои ободониву созандагӣ ва тақвияту таҳкими худшиносиву худогоҳии миллӣ, дар ноҳияи Айнӣ бунёди ду ҳавзи амудии об барои обёрии беш аз 200 гектар оғоз ёфт.

Иншоот, ки дар наздикии дарёи Зарафшон сохта мешавад, имконият фароҳам меорад, ки заминҳои нав аз худ карда шуда, рушди бемайлони соҳаи кишоварзӣ дар ноҳия таъмин гардад.

Умаралӣ САФАРАЛӢ, "Ҷумҳурият"