БАРОТ ЯХШИЕВ
БАРОТ ЯХШИЕВ

Чеҳраи шукуфтаи саҳназеб, қомат ва пайкараи рехтааш ба саҳна зинату тароват мебахшид. Ӯ марди майдони савту садо ва олами пур аз маъниҳои орифонаву ошиқона буд. Ҳунару истеъдоди ӯро дар рушди санъати миллӣ мухлисону муҳаққиқон эътироф намудаанд.
Барот Яхшиев 29-уми майи соли 1936 дар ноҳияи Данғара таваллуд шудааст. Маълумоти миёнаро дар зодгоҳаш мегирад. Ӯ аз хурдӣ ба шеъру мусиқӣ рағбати беандоза дошт. Аз овони 15-солагӣ дар қаламрави ноҳия ҳамчун сароянда ба майдони ҳунар омад ва ба зудӣ овозаи истеъдодаш ба атроф паҳн шуд. Аз соли 1953 Барот Яхшиев, аллакай, дар озмунҳои ноҳиявию вилоятӣ ширкат меварзид. Соли 1955 дар шаҳри Кӯлоб дастаи ҳаваскорони ноҳияи Данғара дар озмуни вилоятӣ ҳунарнамоӣ намуда, сазовори ҷойи якум мегардад.
Дар озмуни ҷумҳуриявӣ, ки дар шаҳри Душанбе баргузор гардид, ин даста баҳои баланд мегирад ва ҳунари волои Барот Яхшиев аз назар пинҳон намемонад. Ҳамин тавр, соли 1955 ӯ ба Филармонияи давлатии Тоҷикистон ба кор даъват мешавад. Баъди он барои Барот Яхшиев пайраҳа ба шоҳроҳи бузурги ҳунар боз мешавад.
Барот Яхшиев дар ҳайати дастаҳои ҳунарии мамлакат чандин бор бо сафарҳои ҳунарӣ санъати миллии тоҷикро муаррифӣ намудааст.
Аввали солҳои 70-уми асри гузашта ӯ соҳибмактаб гардида буду пайравони зиёде дошт. Таронаҳои «Вафо хоҳам», «Гирди сарат гардам», «Зи дилам қарор бурдӣ», «Ёр меояд», «Деҳқондухтар» ва «Қалъабандӣ» аз ҷониби мухлисони сершумораш бо лаҳни хуши ӯ дар маҳфилҳо ҳамеша зинатфизои дунёи ҳунар буданд. Ин ҳама нишони соҳибмактабӣ ва устоди варзидаи ҳунар будани ӯро бо сад забон бар гӯши мардум мерасонд.
Ҷумъахон Темурзода, адиб ва рӯзноманигор, мегӯяд: «Охири солҳои 70-уми садаи гузашта даҳҳо ҳунарманд ифтихор аз он доштанд, ки шогирдони мактаби устод Барот Яхшиев мебошанд. Бисёре аз ҳунармандони маҳаллӣ ба лаҳни хуши ӯ пайравӣ менамуданд. Мухлисон ва ошиқон, шефтагони таронаҳои дилангези ӯ аз дили Хуҷанди маърифатпарвар, Рашту Хатлон, Зарафшону Бадахшон ва Ҳисори Шодмон баъди пахши таронаҳояш аз тариқи Радиои "Тоҷикистон" садҳо номаи арҷу сипосро ба сарредаксияи мусиқии радиои тоҷик мефиристоданд. Ин ҳама нишони бармалои ҳунарманди асил будани устод Барот Яхшиев мебошад».
Мактаби ҳунарии ӯ аз чашмаҳои зулолу нуқрафоми устодон Акашариф Ҷӯраев, Шоҳназар Соҳибов, Фазлиддин Шаҳобов ва Маъруфхоҷа Баҳодуров шодоб гардида, дар шакл ва услуби нави мақомҳои мардумӣ бар қалбҳои ҳазорон ҳазор мухлисону сомеони ҳақиқияш нақши абадии хешро гузоштааст. Садои форам ва савти хуши воқеан мардумияш чаманистони қалбҳои пуршӯрро таровату накҳати тозае мебахшад ва дар чаманистони ҳунар нақши абадии хешро мегузорад.
Устоди шинохтаи шашмақом Маъруфхоҷа Баҳодуров дар мавриди ҳунари эҷодии Барот Яхшиев чунин гуфта буд: «Дар ҳунари мақомхонӣ аз ҳунармандони мардуми кӯҳистон тули панҷоҳ соли охир ман ҳеҷ касро пеш аз Барот Яхшиев гузошта наметавонам. Тарзи хониш, яъне бо сабки нав, бо лаҳни нав, бо савтҳои хуши мардумӣ бори аввал маро гӯшу ҳуш намуда буд».
Ба ин монанд дар мавриди ҳунари волои устод Барот Яхшиев хотирот аз аҳли ҳунару мухлисон ва алоқамандони савту наво хеле зиёд аст. Ҳунарманде, ки дарди зиндагиро сурудааст. Ҳунарманде, ки беш аз сӣ сол ба ҷароҳатҳои қалби модарон, дилбарон марҳам гардид. Маҳфилҳои мардони меҳнатро рангин намуд. Садои хушаш олами маърифати инсониро ранг ва тароват бахшид.
Соли 1985 Барот Яхшиев ин дунёро падруд гуфт.
Нармии овози хушаш марҳами дардҳои модарон, дилбарон ва нафарони чашминтизор буд ва мемонад. Садо ва ҳунари устод Барот Яхшиев дар синаи ҳазорон ҳазор ошиқону шефтагони садояш умри абадӣ дорад.
Таҳияи Фирӯзи Алишер, «Ҷумҳурият»
Санаи нашр: 9.01.2026 №: 5