ИНТЕРНЕТ – заминаи иқтисоди рақамӣ ва масъалаҳои ҳалталаб
ИНТЕРНЕТ – заминаи иқтисоди рақамӣ ва масъалаҳои ҳалталаб
Дар шароити ҷаҳонишавӣ ва рушди босуръати технологияҳои рақамӣ, интернет ба яке аз омилҳои муҳими пешрафти иҷтимоию иқтисодии давлатҳо табдил ёфтааст. Имрӯз он на танҳо воситаи иртибот, балки заминаи асосии рушди иқтисоди рақамӣ, таҳкими маориф, густариши хизматрасониҳои давлатӣ ва баланд бардоштани сатҳи зиндагии аҳолӣ ба ҳисоб меравад. Ҷумҳурии Тоҷикистон, низ ҳамчун узви ҷомеаи ҷаҳонӣ дар роҳи рушди инфрасохтори рақамӣ ва таъмини дастрасии аҳолӣ ба интернет тадриҷан қадамҳои устувор мегузорад. Бо вуҷуди ин, соҳа ҳанӯз ҳам бо мушкилоти ҷиддӣ рӯ ба рӯ мебошад, ки ҳалли онҳо муносибати ҳамаҷониба ва стратегиро талаб мекунад.
Вазъи кунунӣ ва нишондиҳандаҳои асосӣ
Солҳои охир шумораи истифодабарандагони интернет дар кишвар пайваста афзоиш ёфта, шабакаҳои мобилии насли 4G ва қисман 5G дар шаҳрҳои калон фаъол гардидаанд. Ба иттилои Комилҷон Раҳимӣ, директори Муассисаи давлатии «Маҷаллаи алоқа»-и Хадамоти алоқаи назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, дар соли сипаришуда 1070 километр хатти нахи нурӣ кашида шудааст. Айни ҳол дар ҷумҳурӣ беш аз 9600 километр шабакаи нахи нурии алоқа мавриди истифода қарор гирифтааст. Ҳамзамон, кашидани хатҳои нави нахи нурӣ идома дорад, ки яке аз самтҳои афзалиятноки рушди соҳа маҳсуб меёбад.
Бо рушди босуръати технологияҳои иттилоотию коммуникатсионӣ, аз ҷумла истифодаи зеҳни сунъӣ дар идоракунӣ, бахши хизматрасонӣ ва истеҳсолот, зарурати ҷорӣ намудани шабакаи алоқаи мобилии стандарти 5G ба миён омадааст. Айни замон дар ҷумҳурӣ 82 истгоҳи базавии стандарти 5G насб гардидааст, ки аксари онҳо дар шаҳри Душанбе ҷойгиранд. Ин нишондиҳанда ҳарчанд умедбахш аст, вале барои кишваре, ки рушди иқтисоди рақамиро ҳадаф қарор додааст, ҳанӯз кофӣ нест.
Нобаробарии дастрасӣ – мушкили ҳалталаб
Бо вуҷуди пешрафтҳо, масъалаи нобаробарии дастрасӣ ба интернет байни шаҳр ва деҳот ҳанӯз ҳам боқӣ мондааст. Дар минтақаҳои дурдаст ва кӯҳистон сифати интернет паст буда, суръат ва устувории шабака ба талаботи муосир ҷавобгӯ нест. Дар ҳоле ки қисми зиёди аҳолии кишвар дар деҳот зиндагӣ мекунад, маҳдуд будани дастрасӣ ба интернет рушди баробари иҷтимоию иқтисодиро зери суол мегузорад. Илова бар ин, арзиши интернет яке аз масъалаҳои доғи рӯз боқӣ мемонад. Қиёсан бо даромади миёнаи аҳолӣ, нархи интернет дар Тоҷикистон нисбатан баланд арзёбӣ мешавад. Ба ҳисоби миёна, як бастаи интернети мобилӣ ё хонагӣ метавонад аз 5 то 8 фоизи даромади моҳонаи шаҳрвандро ташкил диҳад. Дар баробари ин, суръат ва сифати интернет на ҳамеша бо нархи пешниҳодшуда мутобиқат мекунад, ки норозигии истифодабарандагонро ба миён меорад. Коршиносон сабаби асосии ин мушкилро вобастагӣ аз шабакаҳои байналмилалии интиқоли маълумот, рақобати нокофӣ дар бозори хидматрасонӣ ва хароҷоти баланди техникӣ медонанд.
Интернет ва рушди иқтисоди рақамӣ
Интернет метавонад ба яке аз муҳаррикҳои асосии рушди иқтисоди рақамӣ дар кишвар табдил ёбад. Рушди тиҷорати электронӣ, хидматрасониҳои онлайнӣ, пардохтҳои ғайринақдӣ ва стартапҳо имконият фароҳам меоранд, ки иқтисоди миллӣ ба сатҳи нав бардошта шавад. Солҳои охир истифодаи интернет дар соҳаҳои бонкдорӣ, савдо, нақлиёт ва хидматрасонӣ афзоиш ёфтааст, аммо сатҳи пасти саводнокии рақамӣ ва маҳдудияти инфрасохтор рушди пурраи ин равандҳоро суст мегардонад.
Ҳамчунин, интернет дар рушди маориф низ нақши калидӣ дорад. Платформаҳои омӯзиши фосилавӣ, китобхонаҳои электронӣ ва захираҳои илмӣ барои омӯзгорон ва донишҷӯён имкониятҳои нав фароҳам меоранд. Таҷрибаи солҳои пандемия нишон дод, ки бе интернет низоми муосири таълимро тасаввур кардан ғайриимкон аст. Ҳамзамон, масъалаи истифодаи мақсадноки интернет, ҳифзи фарҳанги миллӣ ва пешгирии паҳншавии иттилооти нодуруст аҳамияти хосса касб мекунад.
Дурнамо ва сиёсати давлатӣ
Барои рушди устувори интернет дар кишвар, пеш аз ҳама, тақвияти инфрасохтор, фароҳам овардани рақобати солим дар бозори хизматрасонӣ, паст кардани арзиш ва баланд бардоштани сифати интернет зарур аст. Ҳамзамон, рушди саводнокии рақамии аҳолӣ ва дастгирии ташаббусҳои инноватсионӣ метавонад самаранокии истифодаи интернетро таъмин намояд.
Ба гуфтаи Комилҷон Раҳимӣ, дар панҷ соли оянда гузариши пурраи интернети мобилӣ ба наслҳои 4G ва 5G аз рӯйи минтақаҳо пешбинӣ шуда, ҳамчунин, дар се соли оянда то 80 фоиз таъмин гардидани аҳолӣ бо интернети собит ба нақша гирифта шудааст. Ин тадбирҳо метавонанд барои рушди соҳаҳои афзалиятноки иқтисоди миллӣ заминаи устувор фароҳам оваранд.
Таъкид бояд кард, ки масъалаи таъмини аҳолӣ бо интернети баландсуръат ва рушди инфрасохтори телекоммуникатсионӣ дар Паёми навбатии Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба Маҷлиси Олӣ ҳамчун яке аз самтҳои муҳими сиёсати давлатӣ арзёбӣ гардид. Дар ин замина, ба Хадамоти алоқаи назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон супориш дода шуд, ки лоиҳаи «Стратегияи рушди соҳаи алоқаи Ҷумҳурии Тоҷикистон барои давраи то соли 2040»-ро таҳия намояд. Айни ҳол гурӯҳи корӣ таъсис ёфта, таҳияи ин санади муҳими стратегӣ оғоз гардидааст.
Оҳистамоҳ ВАФОБЕК, «Ҷумҳурият»
