Тавсияи нашрияи байналмилалии сайёҳӣ

12 январ 2026, Душанбе
8

ТОҶИКИСТОН

Тавсияи нашрияи байналмилалии сайёҳӣ

Нашрияи бонуфузи байналмилалии сайёҳии “Lonely Planet” Тоҷикистонро ба феҳристи «25 таҷрибаи беҳтарини сайёҳӣ дар соли 2026» (Best in Travel 2026) ворид намуд. Дар ин хусус АМИТ «Ховар» бо истинод ба Сафорати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Ҷумҳурии Беларус хабар додааст.

Ба сайёҳон тавсия дода шудааст, ки аз манзараҳои дилрабои кӯҳӣ, табиати нотакрор ва меҳмоннавозии самимии сокинони маҳаллӣ баҳра бурда, таҷрибаи сафар ба Тоҷикистонро ба саёҳати хотирмон ва илҳомбахш табдил диҳанд.

Масъули гӯша: Умаралӣ Сафаралӣ