Шиносоии раиси вилоят бо сохтмони корхонаи ғанигардонии маъдани оҳан
СУҒД
Шиносоии раиси вилоят бо сохтмони корхонаи ғанигардонии маъдани оҳан
Раиси вилояти Суғд Раҷаб Аҳмадзода бо ҷараёни корҳои сохтмонӣ дар корхонаи ғанигардонии маъдани оҳани ҶСП «Комбинати металлургии тоҷик», воқеъ дар ноҳияи Бобоҷон Ғафуров, шинос гардид.
Корхона бо сармояи ватанӣ бунёд ёфта, бо истифода аз технологияҳои замонавӣ ҷиҳати истихроҷ, коркард, ғанигардонии маъдани оҳан ва истеҳсолу содироти маҳсулоти босифат фаъолият хоҳад кард. То имрӯз наздики 50 фоизи корҳои сохтмонӣ ба анҷом расида, васлу насби дастгоҳу таҷҳизоти зарурӣ идома дорад. Захираи маъдани оҳан дар ин кон тақрибан 60 миллион тоннаро ташкил медиҳад.
Масъули гӯша: Умаралӣ Сафаралӣ
