Кордбадасте, ки ду нафарро захмӣ кард ба дасти милитсия афтод
Кордбадасте, ки ду нафарро захмӣ кард ба дасти
милитсия афтод
Як сокини ноҳияи Балҷувон, ки Вазорати корҳои дохилӣ аз ӯ марди 39-сола ном мебарад, дар ҳолати мастӣ ду нафар сокинони ҳамин ноҳияро бо зарби корд маҷруҳ кардааст.
Ҳоло нисбат ба ин мард бо гумони содир намудани ҷиноятӣ авбошӣ аз рӯйи моддаи 237 қисми 3 Кодекси ҷиноятӣ парвандаи ҷиноятӣ оғоз гардида, тафтишот идома дорад.
Тавре маркази матбуоти ВКД дар ин бора хабар медиҳад, гумонбаршаванда 3-юми январи соли 2026 дар ҳудуди Ҷамоати деҳоти Сафобахши ноҳияи Балҷувон аз ҳиссиёти авбошӣ бо мардони 37 ва 34-сола муноқиша карда, бо корд ба онҳо зарба задааст. Дар натиҷа ҷабрдидаҳо ҷароҳатҳои ҷисмонӣ бардошта, дар беморхона бистарӣ гардидаанд.
Шуъбаи ҳуқуқи рӯзномаи “Ҷумҳурият”
Санаи нашр: 12.01.2026 №: 6