«ГАНҶИНАИ ТАЪРИХ ВА ФАРҲАНГИ ТОҶИКОН»
«ГАНҶИНАИ ТАЪРИХ
ВА ФАРҲАНГИ ТОҶИКОН»
Бо ташаббуси Агентии ҳифзи мероси таърихию фарҳангӣ бо мақсади тарғиби таъриху фарҳанги миллӣ дар ҷомеа, хусусан дар байни наврасон ва ҷавонон, тақвияти ҳисси худогоҳӣ ва худшиносии миллӣ, эҳёи ҳофизаи таърихӣ ва ба ҳамин роҳ шинохти беҳтари нақши миллати куҳанбунёду фарҳангсолори тоҷик дар рушди тамаддуни инсоният, соли 2026 миёни донишҷӯёни муассисаҳои таҳсилоти миёнаи умумӣ ва олии касбии мамлакат Озмуни ҷумҳуриявии «Ганҷинаи таърих ва фарҳанги тоҷикон» доир мегардад. Дар ин бора Агентии ҳифзи мероси таърихию фарҳангӣ хабар додааст.
Тибқи иттилои манбаъ, Озмун дар робита ба дастуру супоришҳои Сарвари давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба хотири ҳифзи таъриху фарҳанги миллӣ доир мегардад.
З. РАҶАБ, “Ҷумҳурият”
