ХУТАЛИ ҚАДИМ – ПОЙГОҲИ ЗУҲУРИ ЗАБОНИ ТОҶИКӢ
ХУТАЛИ ҚАДИМ –
ПОЙГОҲИ ЗУҲУРИ ЗАБОНИ ТОҶИКӢ
Соли 2026 дар Тоҷикистон Симпозиуми байналмилалии «Хутали Қадим – пойгоҳи зуҳури забони тоҷикӣ, тамаддуни бостонӣ ва ирфонии минтақаи Осиёи Марказӣ» баргузор мешавад.
Тавре Агентии ҳифзи мероси таърихию фарҳангии назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон хабар додааст, дар Симпозиуми байналмилалӣ таърихнигорону бостоншиносони кишварҳои гуногун иштирок хоҳанд кард.
Бояд гуфт, ки дар доираи баргузории ҳамоиш якчанд чорабиниҳо, аз ҷумла Конфренсияи ҷумҳуриявии «Мавқеи Хутали Қадим дар инкишофи пешрафти таърихи миллати тоҷик» ва сабти филм оид ба шаҳрҳои Хутали Қадим, дар назар аст.
З. РАҶАБ, “Ҷумҳурият”
