Маросими қуръакашии марҳалаи муқаддамотии Ҷоми ФФТ-2026 баргузор шуд

13 январ 2026, Сешанбе
32

ФУТБОЛ

Маросими қуръакашии марҳалаи муқаддамотии Ҷоми ФФТ-2026 баргузор шуд

12-уми январ дар шаҳри Душанбе маросими қуръакашии марҳалаи муқаддамотии Ҷоми ФФТ-2026 дар минтақаи Душанбе баргузор шуд.

Мусобиқаи анъанавии Ҷоми Федератсияи футболи Тоҷикистон пеш аз оғози мавсим дар ду марҳала баргузор мешавад – пешакӣ ва ниҳоӣ. Марҳалаи аввал дар се минтақа – Душанбе, Суғд ва Хатлон доир мегардад. Аз Суғду Хатлон дудастаӣ, аз Душанбе 4 даста дар марҳалаи дуюм бозӣ мекунанд.

Мусобиқа дар Душанбе 23-юми январ оғоз мегардад ва даҳ даста дар он ширкат мекунад. Дар қуръакашӣ дастаҳо ба ду гурӯҳ тақсим шуданд. Гурӯҳи «А»: «Рангон», «Сардор», «Регар-ТадАЗ», «Шоҳмансур», «Шодмон»; гурӯҳи «Б»: «Душанбе», «Ҳосилот», «Саройкамар», КМВА, «Барқчӣ».

Фонди умумии ҷоизавии мусобиқа 100 000 сомониро ташкил медиҳад. Ғолиб бо 50 000 сомонӣ мукофотонида мешавад. Барандаи медали нуқра бо 30 000 сомонӣ ва медали биринҷӣ бо 20 000 сомонӣ сарфароз мегарданд.

Умаралӣ САФАРАЛӢ, “Ҷумҳурият”