Қаратоғ беҳтарин Ҷамоати деҳот эътироф шуд

14 январ 2026, Чоршанбе
13

ШАҲРИ ТУРСУНЗОДА

Қаратоғ беҳтарин Ҷамоати деҳот эътироф шуд

Шаҳри Турсунзода Озмуни "Беҳтарин деҳот, деҳа, маҳали аҳолинишин ва хонаи истиқоматӣ"-ро ҷамъбаст кард.

Мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатии шаҳри Турсунзода зимни як чорабинии тантанавӣ ғолибони Озмуни "Беҳтарин деҳот, деҳа, маҳали аҳолинишин ва хонаи истиқоматӣ"-ро, ки ба ифтихори Ҷашни 35-солагии Истиқлоли давлатии Тоҷикистон эълон шуда буд, муайян ва қадр кард.

Дар чорабинӣ раиси шаҳри Турсунзода Парвиз Акрамзода ва намояндаи Ҳукумати ҷумҳурӣ, президенти Академияи илмҳои кишоварзӣ Амонулло Салимзода ширкат доштанд.

Ҳамин тариқ, дар номинатсияи "Ҷамоати беҳтарин" ҷойи якумро Ҷамоати деҳоти Қаратоғ сазовор шуд. Ҷамоати деҳоти Регар ҷойи дуюм, Ҷамоати деҳоти Работ ҷойи сеюмро ба даст оварданд. Дар номинатсияи “Деҳаи беҳтарин” деҳаи Даҳбеди Ҷамоати деҳоти Қаратоғ, мақоми аввалро касб кард. Ҷойҳои дуюму сеюм насиби деҳаҳои Неъматбачаи Ҷамоати деҳоти Регар ва Хуррамзамини Ҷамоати деҳоти 10-солагии Истиқлолият шуд. Дар номинатсияи “Хонаи беҳтарин” манзили истиқоматии Муродҷон Ҷӯраев, сокини деҳаи Регари Ҷамоати деҳоти Регар беҳтарин дониста шуд. Ҷойи дуюм ба манзили Муқим Ҷалилов, сокини деҳаи С. Табарови Ҷамоати деҳоти Қаратоғ ва мақоми сеюм ба манзили Толибҷон Исҳоқов, сокини деҳаи Заркамари Ҷамоати деҳоти Ҷ. Раҳмонов дода шуд. Дар номинатсияи "Кӯчаи беҳтарин" кӯчаҳои И. Сомонӣ, 15-солагии Истиқлолият ва Ҷ. Узоқов ғолиб дониста шуданд.

Сокинони Ҷамоати деҳоти Қаратоғ дар асоси дастуру ҳидоятҳои Президенти кишвар, Пешвои миллат, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ҷиҳати ободу зебо кардани ҳар гӯшаи диёр, камари ҳиммат баста, дар сохтани муассисаҳои таълимӣ, бунгоҳҳои тиббӣ ва мумфарш намудани роҳҳои деҳот саҳми арзанда гузоштанд. Аз ҷумла, дар доираи сафари кории Президенти мамлакат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба шаҳри Турсунзода моҳи декабри соли гузашта дар деҳаи Меҳрободи Ҷамоати деҳоти Қаратоғ бунгоҳи тиббии замонавӣ мавриди баҳрабардорӣ қарор гирифт. Бунгоҳи тиббӣ дорои шароити муосири тиббӣ буда, ба 2354 нафар аҳолии деҳаҳои Меҳробод ва Бӯстонсарой хизмат мерасонад.

Сокинони шаҳри Турсунзода дар соли 2026, ки 35-солагии Истиқлоли давлатии Тоҷикистони маҳбубро ҷашн мегирем, корҳои созандагию ободкориро идома медиҳанд. Мақсад доранд, ки ҳар деҳаро ба шаҳраки замонавӣ табдил диҳанд.

Умаралӣ САФАРАЛӢ, “Ҷумҳурият”

Санаи нашр: 14.01.2026 №: 8