Сафири Чин дар Тоҷикистон дар ҳузури Раиси Маҷлиси намояндагон

14 январ 2026, Чоршанбе
11

Сафири Чин дар Тоҷикистон дар ҳузури Раиси Маҷлиси намояндагон

Раиси Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олӣ Файзалӣ Идизода бо сафири фавқулода ва мухтори Ҷумҳурии Мардумии Чин дар Ҷумҳурии Тоҷикистон Го Чжизюн мулоқот намуд.

Тавре аз Маҷлиси намояндагон хабар доданд, зимни вохӯрӣ иброз гардид, ки аз замони барқарор гардидани муносибатҳои дипломатӣ байни давлатҳо (соли 1992) равобити дуҷониба ба марҳалаи нав баромада, аз сатҳи муносибатҳои муқаррарӣ ба сатҳи шарикии стратегӣ ва ҳамкории иттифоқӣ расидааст.

Масъули гӯша: Умаралӣ Сафаралӣ