Иштироки ҳайати Тоҷикистон дар Ҳамоиши ҳамкории кишварҳои Осиёи Марказӣ – Ҷумҳурии Корея дар соҳаи маориф
Иштироки ҳайати Тоҷикистон дар Ҳамоиши ҳамкории кишварҳои Осиёи Марказӣ – Ҷумҳурии Корея дар соҳаи маориф
12-уми январ бо ташаббуси Идораи маорифи музофоти Кёнгидои Ҷумҳурии Корея ҳамоиши ҳамкории кишварҳои Осиёи Марказӣ – Ҷумҳурии Корея дар соҳаи маориф баргузор гашт.
Тавре АМИТ «Ховар» бо истинод ба Сафорати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Ҷумҳурии Корея хабар додааст, дар ҳамоиш самтҳои афзалиятноки ҳамкориҳо дар соҳаи маориф ва ташкили барномаҳои мубодилаи донишҷӯён дар самти таҳсилоти миёна ва касбӣ баррасӣ шуд.
Масъули гӯша: Умаралӣ Сафаралӣ
