Мулоқоти раиси вилояти Суғд бо директори генералии корхонаи “Зарафшон”
Мулоқоти раиси вилояти Суғд бо директори генералии корхонаи “Зарафшон”
Зимни мулоқот ҷонибҳо доир ба сиёсати Ҳукумати мамлакат дар самти рушди соҳаи саноат, саҳми назарраси корхонаи муштараки “Зарафшон” дар ҳаҷми маҷмуи маҳсулоти саноатии шаҳри Панҷакент ва татбиқи ҳадафҳои созанда табодули афкор намуданд.
Раиси вилояти Суғд Раҷаб Аҳмадзода таъкид сохт, ки мутобиқи дастуру супоришҳои Сарвари давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон, соҳаи саноат ҳамчун яке аз самтҳои афзалиятноки сиёсати давлатӣ пайваста рушд меёбад. Дар ин раванд фаъолияти пурсамари корхонаҳои бузурги саноатӣ, аз ҷумла корхонаи муштараки “Зарафшон”, дар татбиқи барномаҳои созанда ва рушди иқтисоди миллӣ нақши калидӣ дорад.
Масъули гӯша: Умаралӣ Сафаралӣ
