ТОҶИКИСТОН ВА ҚИРҒИЗИСТОН Тасвиби боз як санаде, ки муносибатҳоро таҳким мебахшад
ТОҶИКИСТОН ВА ҚИРҒИЗИСТОН
Тасвиби боз як санаде, ки муносибатҳоро таҳким мебахшад

Дар ҷаласаи навбатии иҷлосияи дуюми Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон даъвати ҳафтум “Созишнома байни Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Ҳукумати Ҷумҳурии Қирғизистон дар бораи тартиби будубоши шаҳрвандони Ҷумҳурии Тоҷикистон дар ҳудуди Ҷумҳурии Қирғизистон ва шаҳрвандони Ҷумҳурии Қирғизистон дар ҳудуди Ҷумҳурии Тоҷикистон” баррасӣ гардида, ба тасвиб расид.
Абдураҳмон Аламшозода, муовини якуми вазири корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон, зимни баррасии ин масъала иброз дошт, ки Созишномаи мазкур 1-уми феврали соли 2018 дар шаҳри Душанбе ба имзо расида, бо мақсади рушди минбаъдаи муносибатҳои дӯстона миёни кишварҳо, танзими ҳуқуқии сафарҳои шаҳрвандон ва фароҳам овардани шароити мусоид барои будубоши шаҳрвандони Ҷумҳурии Тоҷикистон дар ҳудуди Ҷумҳурии Қирғизистон ва шаҳрвандони Ҷумҳурии Қирғизистон дар ҳудуди Ҷумҳурии Тоҷикистон равона шудааст.
Зикр шуд, ки Созишномаи мазкур аз 10 модда иборат буда, бо вазорату идораҳои дахлдори ҷумҳурӣ мувофиқа шудааст.
– Агар ба мазмуни Созишномаи зикршуда таваҷҷуҳ зоҳир шавад, маълум мегардад, ки муқаррароти он ба рушди минбаъдаи муносибатҳои дӯстона миёни ҷумҳуриҳои Тоҷикистон ва Қирғизистон, ки заминаҳои мустаҳками он тайи солҳои охир бо саъю талошҳои Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ва дигар шахсони мансабдору мақомоти салоҳиятдори ҷонибҳо гузошта шудаанд, равона гардидааст, – гуфт Шуҳрат Ғанизода, раиси Комиссияи Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба назорати Дастур ва ташкили кор.
Шодмон АБДУРАҲИМ,
“Ҷумҳурият”
Санаи нашр: 14.01.2026 №: 8