Пайравони Пешвои миллат ба ҳам омаданд
ИСТАРАВШАН
Пайравони Пешвои миллат ба ҳам омаданд
Дар толори Муассисаи давлатии «Қасри фарҳанг»-и шаҳри Истаравшан ҳамоиши ифтитоҳии курси омӯзишии «Пайравони Пешвои миллат» баргузор гардид. Дар чорабинӣ даҳҳо нафар ҷавонони фаъоли шаҳр ширкат варзиданд.
Бино ба иттилои дафтари матбуоти раиси шаҳри Истаравшан, ҳадаф аз баргузории курси омӯзишӣ баланд бардоштани ҳувияти миллии ҷавонон, тарбияи ватандӯстӣ, эҳсоси ифтихор аз давлату давлатдорӣ ва омӯзиши мактаби бузурги давлатдории Сарвари кишвар муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон мебошад.
Дар оғоз маъруза дар мавзуи «Нақши Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар рушд ва эҳёи давлатдории тоҷикон» шунида шуд. Таъкид гардид, ки миллати тоҷик дар тули таърих бо сулҳдӯстӣ, фарҳангпарварӣ, тамаддунофаринӣ ва созандагию бунёдкорӣ шинохта шудааст.
Маҳз талошу заҳматҳои фарзанди фарзонаи миллат, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон боис гардид, ки дар солҳои душвори буҳрони ҷанги шаҳрвандӣ миллати тоҷик аз парокандагӣ наҷот ёфта, сарҷамъ гардад ва Тоҷикистон ҳамчун давлати соҳибистиқлол дар арсаи байналмилалӣ мавқеи устувор пайдо намояд.
Сурайё ҲАКИМОВА,
“Ҷумҳурият”
