Қаллобӣ ба маблағи 500 ҳазор сомонӣ ё  пайомади мардумфиребӣ

14 январ 2026, Чоршанбе
8

Қаллобӣ ба маблағи 500 ҳазор сомонӣ ё пайомади мардумфиребӣ

Як сокини ноҳияи Дӯстӣ, ки аз ӯ марди 31-сола ном бурда мешавад, ба гумони содир намудани қаллобӣ дастгир гардида, нисбаташ бо моддаи 247 қисми 3 Кодекси ҷиноятӣ (қаллобӣ ба миқдори калон) парвандаи ҷиноятӣ оғоз гардидааст.

Маркази матбуоти ВКД дар ин бора хабар дод, ки гумонбар моҳи феврали соли 2025 ба боварии марди 48-солаи сокини ҳамин ноҳия даромада, аз мағозаи хӯроквориаш ба маблағи 500 ҳазор сомонӣ ғайринақдӣ маҳсулоти хӯрокворӣ гирифта, то ҳол маблағашро барнагардондааст.

Шуъбаи ҳуқуқи рӯзномаи “Ҷумҳурият”