Қабули қатънома иқдоми муҳим дар рушди устувори Осиёи Марказӣ хоҳад буд

15 январ 2026, Панҷшанбе
7

Зеҳни сунъӣ

Қабули қатънома иқдоми муҳим дар рушди устувори Осиёи Марказӣ хоҳад буд

25-уми июли соли 2025 Маҷмаи умумии Созмони Милали Муттаҳид лоиҳаи қатъномаи махсусро зери унвони «Нақши зеҳни сунъӣ дар фароҳам овардани имконоти навин барои рушди устувор дар Осиёи Марказӣ», ки бо ибтикори Ҷумҳурии Тоҷикистон пешниҳод гардида буд, якдилона қабул намуд. Ин рӯйдод як қадами муҳим дар роҳи истифодаи зеҳни сунъӣ барои амалисозии ҳадафҳои рушди устувор дар Тоҷикистон ва минтақа мебошад.

Ташаббуси мазкур, ки аз ҷониби Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон зимни суханронӣ дар мубоҳисаҳои умумии иҷлосияи 79-уми Маҷмаи умумии СММ 24-уми сентябри соли 2024 пешниҳод гардида буд, аз ҷониби ҷомеаи ҷаҳонӣ бо хушнудӣ пазируфта шуд. Ин иқдом нишон медиҳад, ки роҳбарияти Тоҷикистон ба аҳамияти технологияҳои нав дар рушди устувор ва беҳбуди иқтисодиёти миллӣ ва минтақавӣ то чи андоза таваҷҷуҳ менамоянд.

Қатънома рушди механизмҳои худтанзимкунӣ ва мудирияти масъулиятноки технологияҳои зеҳни сунъиро дар сатҳи минтақавӣ ва миллӣ тақозо намуда, истифодаи муассири технологияҳои зеҳни сунъиро барои таъмини устувор дар Осиёи Марказӣ муайян мекунад. Муҳимтарин механизми пешниҳодшуда – таъсиси Маркази минтақавии зеҳни сунъӣ дар шаҳри Душанбе мебошад. Ин Марказ вазифадор аст, ки раванди татбиқи барномаҳои муштараки марбут ба зеҳни сунъиро дар Осиёи Марказӣ ҳамоҳанг созад ва бо ин васила, ба тезондани раванди татбиқи ташаббусҳои асосӣ, аз ҷумла:

– амалисозии барномаҳои муштараки омӯзиши мутахассисон ва дастгирии стартапҳо дар соҳаи зеҳни сунъӣ миёни паркҳои технологӣ дар минтақа;

– роҳандозии лоиҳаҳои муштараки илмӣ-тадқиқотӣ дар соҳаи зеҳни сунъӣ миёни донишгоҳҳо, муҳаққиқон ва озмоишгоҳҳои минтақа;

– ташкили шабакаи муштараки марказҳои ҷамъоварии маълумот ҷиҳати афзоиши дастрасӣ ба зерсохтори ҳисоббарорӣ дар кишварҳои минтақа;

– ҳамоҳангсозии талошҳои миллӣ бо мақсади қабули принсипҳои умумии мудирияти ҳамоҳангшуда, масъулиятнок ва худтанзимкунии зеҳни сунъӣ дар Осиёи Марказӣ;

– амалисозии ташаббусҳои марбутаи ҷаҳонӣ бо шарикони байналмилалӣ мусоидат намояд.

Таъсиси Маркази минтақавии зеҳни сунъӣ дар шаҳри Душанбе имкон медиҳад, ки Тоҷикистон нақши пешқадамро дар соҳаи зеҳни сунъӣ дар минтақа иҷро карда, таҷриба ва донишҳои худро бо дигар давлатҳои Осиёи Марказӣ мубодила намояд. Ин Марказ метавонад платформаи муҳиме барои муттаҳидсозии саъю кӯшишҳо, тақвияти иқтидорҳо ва ҳамоҳангсозии сиёсатҳо дар соҳаи зеҳни сунъӣ гардад.

Бо истифода аз ин имкониятҳо Осиёи Марказӣ метавонад дар самти рушди технологияҳои пешрафта, таҳкими иқтисодиёт ва баланд бардоштани сатҳи зиндагии мардуми худ қадамҳои устувор гузорад. Тоҷикистон, дар навбати худ, дар сафи пеши ин раванд қарор дошта, ба рушди минбаъдаи ҳамкориҳои минтақавӣ ва байналмилалӣ дар самти рушди зеҳни сунъӣ саҳми мондагор хоҳад гузошт.

Шаҳноз ҚУРБОН,

«Ҷумҳурият»

Санаи нашр: 15.01.2026 №: 9