“ШОМИ ШАНБЕ”. ДӮСТДОШТАТАРИН САҲИФАИ “ҶУМҲУРИЯТ” МИЁНИ ДОНИШҶӮЁН

19 январ 2026, Душанбе
7


Пас аз танаффуси тулонӣ муҳити кории ман ба фазои дарсӣ иваз шуд. Рӯзи аввали дарс ҳар яке аз ҳамсабақон аз зиндагии худ, аз навгониҳои донишгоҳ ва ҳатто аз сохтмони варзишгоҳи калонтарини кишвар ҳарф мезад.
Бо ҳамин дарс оғоз шуд. Аз хондани фанҳои ихтисосии ин нимсола пай бурдам, ки донишҷӯён ба матбуот дигар хел менигаранд. Ҳар муаллиме, ки аз матбуот сухан меронд, бевосита рӯзномаи рақами яки кишвар “Ҷумҳурият”-ро мисол меовард. Номи рӯзнома дар синфҳо гӯё ҷузъи гуфтугӯи ҳаррӯза гардида буд. Дар байни мо – донишҷӯён баҳсе оғоз ёфт. Ҳар кас саҳифаи дӯстдоштаашро номбар мекард, аз мақола ё қиссае ёд меовард, ки барояш таъсир гузоштааст. Аммо дар ин баҳс як ном пайваста такрор мешуд – “Шоми шанбе”. Ин саҳифа гӯё барои донишҷӯён мавқеи хосса дошт. Бархе мегуфтанд, ки маҳз аз ҳамин саҳифа мутолааи рӯзномаро оғоз мекунанд, бархеи дигар мегуфтанд, ки дар куҷое ба дастам ин рӯзнома расад, маълумоти шавқовари ин саҳифаро меҷӯям. Ман, ки дар ҳамин рӯзнома фаъолият мекунам, бо ифтихор дарк намудам, ки “Шоми шанбе” танҳо як саҳифаи фароғатӣ нест, балки гӯшаест рӯзномаро ба хонанда ва хонандаро ба рӯзнома мепайвандад.
Воқеан, ҳар ҳафта, вақте хонанда саҳифаи “Шоми шанбе”-и рӯзномаи “Ҷумҳурият”-ро мекушояд, эҳсос мекунад, ки аз фазои расмии хабарҳо ба як олами дигар ворид шудааст – оламе, ки дар он на гузориши хушку холӣ, балки сухани зинда, дарди дил ва лаҳзаҳои воқеии зиндагӣ инъикос гаштаанд.
Дар муҳити имрӯзаи иттилоотӣ хонанда ҳар рӯз бо хабарҳои сиёсӣ, иқтисодӣ, ҳуқуқӣ ва иҷтимоӣ рӯ ба рӯ мешавад. Аммо инсон на танҳо ба иттилоот, балки ба сухани гарм, маслиҳати дилнишин ва оромиши равонӣ низ эҳтиёҷ дорад. Маҳз ҳамин ниёз сабаби пайдоиш ва пойдории саҳифаи “Шоми шанбе” дар рӯзномаи “Ҷумҳурият” гардидааст.
Саҳифаи иттилоотӣ-фароғатии “Шоми шанбе” яке аз саҳифаҳои дӯстдоштатарини хонандагони рӯзнома ба ҳисоб меравад, зеро он хонандаро пас аз як ҳафтаи корӣ ба фазои орому дилнишин мебарад.
Саҳифаи “Шоми шанбе” аз дигар саҳифаҳои расмӣ ва ахбори рӯзнома бо сабукии баён, гармии сухан ва гуногунрангии мавзуъҳо фарқ мекунад. Агар бахшҳои асосии рӯзнома бештар хусусияти расмӣ, иттилоотӣ ва сиёсӣ дошта бошанд, пас, “Шоми шанбе” хонандаро ба ҷаҳони ором ва андешабарангез мебарад. Ҳар хонанда, новобаста ба синну сол ва завқи худ, метавонад дар ин саҳифа матлаби мувофиқ пайдо намояд.


Басона САТТОРЗОДА, “Ҷумҳурият”

Санаи нашр: 19.01.2026 №: 11