РӮШОН. ВАҚТЕ ДАСТУ ДИЛИ МАРДУМ ГАРМ АСТ...

19 январ 2026, Душанбе
10


Имсол фасли зимистон ба ноҳияи Рӯшон низ нисбатан гарм омад, вале чун анъана барои сари вақт омода намудани муассисаҳои иҷтимоӣ-иқтисодӣ ба мавсими сармо дар ноҳия чораҷӯйиҳо аз моҳи апрели соли 2025 оғоз ёфта буданд.


Фаррух Мақсудзода, муовини аввали раиси ноҳия, зимни суҳбат бо хабарнигори “Ҷумҳурият” зикр кард, ки Мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатии ноҳияи Рӯшон ҷиҳати таъмини фаъолияти мунтазам ва самараноки соҳаҳои иқтисодиёт ва иҷтимоиёт дар давраи зимистони солҳои 2025 – 2026, дар асоси қарори раиси ноҳия, моҳи апрели соли гузашта нақшаи чорабиниҳои мушаххас таҳия ва ситоди доимоамалкунанда ташкил намуд. Дар давраи омодагӣ ба зимистон шахсони масъул ҷараёни омодагиро дар ҳамаи муассисаҳо мавриди санҷиш қарор дода, натиҷаи он ҳар моҳ дар ситоди доимоамалкунанда бо иштироки раиси ноҳия мавриди муҳокима қарор дода мешуд. Ин ва дигар тадбирҳои андешидашуда ва дастгириҳои пайвастаи роҳбарияти олии кишвар аз минтақаҳои баландкӯҳ имконият фароҳам оварданд, ки ноҳия дар ин самт ба натиҷаҳои беҳтар ноил гардад. Дар мавсим барои таъмини аҳолии ноҳия бо ғизои ниёзи аввал 900, 3 тонна орд, 104, 4 тонна равған, 120 тонна шакар, 73, 4 тонна биринҷ, 32, 6 тонна макарон, 18,2 тонна марҷумак, 12, 3 тонна намак, 729 тонна картошка, 64, 5 тонна пиёз, 62, 2 тонна сабзӣ ва дигар намуди ғизо захира гардид, ки аз нақша зиёд мебошад.
Дар мавсими зимистонгузаронӣ таъмини аҳолӣ ва идораву муассисаҳои ноҳия бо барқи хушсифат ва боэътимодро Фаррух Мақсудзода аз вазифаҳои афзалиятнок маънидод намуд. Ба гуфтаи ӯ, айни ҳол дар ноҳия 12 неругоҳи хурди барқи обӣ фаъолият дорад, ки 8-тоаш дар тавозуни ширкати “Помир Энерҷи” ва 4-тоаш дар мувозанаи ҷамоатҳои деҳот мебошанд. Дар давраи омодагиҳо ба мавсими сармои имсола ширкати “Помир Энерҷи” трансформатор ва зеристгоҳҳои барқии ҳудуди ноҳия, хатти интиқоли барқи 35 бар 10 кВт, неругоҳҳои барқи обии «Шуҷанд», «Бартанг» ва “Савноб”-ро аз таъмири асосӣ баровард. Имсол ширкат дар ҳамкорӣ бо Бонки ҷаҳонӣ мувофиқи Барномаи электриккунонии деҳот дар ноҳия бунёди боз ду неругоҳи офтобӣ ва 9 неругоҳи барқи обиро ба нақша гирифтааст, ки корҳои сохтмонӣ дар иншоотҳо аз моҳҳои март – апрел оғоз меёбанд.
Бо мақсади кам кардани талафоти барқ ширкат ба таъмини муштариён бо ҳисобкунакҳои барқии электронӣ таваҷҷуҳи махсус зоҳир намуда, то ҳол дар ноҳия 6011 ҳисобкунаки электронӣ насб шудааст. Ҳамаи муассисаҳои буҷетии ноҳия бо ҳисобкунакҳои нави электронӣ ва фурӯзонакҳои каммасраф таъмин мебошанд. Таъмири шабакаҳои барқӣ низ як омили кам кардани талафоти техникии неруи барқ мегардад.
Хулоса, ба гуфтаи Фаррух Мақсудзода, ноҳияи Рӯшон ба зимистонгузаронӣ пурра омода аст.

Раҳмони ГУЛЗОР, “Ҷумҳурият”

Санаи нашр: 19.01.2026 №: 11