“ДАВО”. МАҶАЛЛАЕ, КИ 15 СОЛ ДАРДҲОИ МАЪНАВИРО ТАБОБАТ МЕКУНАД

19 январ 2026, Душанбе
9


Маҷаллаи тиббӣ-оммавии “Даво” понздаҳ сол аст, ки барои давоҷӯён матлабҳои хубу хонданӣ чоп мекунад ва тайи ин муддат мавқеи маҷалла ҳам дар миёни воситаҳои ахбори омма таҳким ёфт. То ин дам 180 шумораи маҷалла бо сифати баланд чоп шуда, ба дасти хонандагон расид.

Тавре сардабири маҷалла Бибихонум Дарвешзода иброз намуд, мақсаду мароми нашрия баланд бардоштани маърифати тиббии мардум, таблиғи пешгирии бемориҳо, тарғиби тарзи ҳаёти солим, инъикоси масъалаҳои умдаи тиб ва дастовардҳои табибону олимони соҳа мебошад.
Ба гуфтаи президенти АМИТ Қобилҷон Хушвақтзода, пайвастани илм ба амалия, таҳкими робитаи кормандони маҷалла бо ихтисосмандони соҳаи тиб ва фаъолияти клиникӣ, инчунин, мусоидат ба баланд бардоштани сатҳи касбӣ ва тафаккури илмии табибон ва муҳаққиқон дар ҳар як шумораи маҷаллаи “Даво” баръало эҳсос мешавад. Чунин фарогирии густурда аз он гувоҳӣ медиҳад, ки маҷалла ба ниёзҳои воқеии соҳаи тандурустӣ ҷавобгӯ буда, дар ҳалли мушкилоти солимии ҷомеа саҳмгузор аст.
– Мундариҷаю муҳтавои “Даво” солҳои охир ба инъикоси мавзуъҳои муҳиму ҷолиби самтҳои гуногуни тиб дар перояи жанрҳои гуногуни журналистӣ мавриди писанди ҳарчи бештари ҳам мутахассисон ва ҳам мардуми дорои касбу кори гуногун мегардад. Кормандони маҷалла кӯшиш мекунанд, ки маҷалла симо, сабк, забон ва усули хоси нигоришу ороиши худро дошта, ҳар як шумора барои ҳаводорон ҷолибу хонданӣ бошад, – иброз намуд сардори Хадамоти назорати давлатии тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолӣ Султон Бекмуродзода.
Директори Муассисаи давлатии “Озмоишгоҳи миллии референсӣ” Баҳодур Холназар, ки аз нахустин муштариёни маҷалла мебошад, “Даво”-ро пули боъэтимод миёни илм ва ҷомеа номида мегӯяд:
– Таъсиси маҷаллаи “Даво” марҳалаи муҳим дар рушди журналистикаи соҳавӣ ва таблиғи донишҳои тиббӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон ба шумор меравад. Идеяи таъсиси ин маҷалла дар даврае ба миён омад, ки ҷомеа беш аз ҳар вақти дигар ба манбаи боэътимод, касбӣ ва дастрас оид ба масъалаҳои тандурустӣ, дорусозӣ ва тарзи ҳаёти солим ниёз дошт. Бо вуҷуди маҳдуд будани имкониятҳои молиявӣ ва техникии он давра, муассисон ва рӯзноманигорон бо ҳисси баланди масъулият ва муҳаббат ба касб фаъолияти худро оғоз намуданд. Ҳар шумораи маҷалла натиҷаи заҳмати зиёд, ҷустуҷӯ ва ҳамкории зич бо табибон, олимон ва мутахассисони соҳа аст.


Сайфиддин СУННАТӢ, “Ҷумҳурият”

Санаи нашр: 19.01.2026 №: 11