МАЪРИФАТИ ҲУҚУҚӢ. ИҚДОМИ ҶАҲОНИЕ, КИ ВАҲДАТИ ИНСОНИРО БА ВУҶУД МЕОРАД
Боиси сарфарозист, ки 12-уми декабри соли 2025 Маҷмаи умумии Созмони Милали Муттаҳид дар иҷлосияи 80-уми худ пешниҳоди навбатии Тоҷикистонро бо иттифоқи оро қабул намуд. Ин қатънома зери унвони «Соли байналмилалии маърифати ҳуқуқӣ, 2027» ба шумор меравад, ки тарҳи аввалияи он соли 2024 дар суханронии Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон, дар мубоҳисаҳои иҷлосияи 80-уми Маҷмаи умумии СММ пешниҳод гардида буд ва ҳамакнун дар саросари ҷаҳон истиқболи гарму самимӣ пайдо кард.
Таваҷҷуҳ ба мушкилоту муаммоҳое, ки ҷаҳони муосирро фаро гирифтаанд, бахусус поймол шудани ҳуқуқҳои инсон, дар сатҳи зарурӣ фаъолият накардани институтҳои байналмилалии ҳуқуқӣ, афзудани ҷангу қатлу куштор зарурат ва аҳамияти байналмилалии ин ташаббуси Пешвои миллатро боз ҳам бештар муқаррар мекунад.
Ҳадафи аслии ин ташаббуси байналмиалӣ дар баробари боло бардоштани сатҳи таълими ҳуқуқӣ дар тамоми зинаҳои таҳсилот дар саросари олам, таҳкими сулҳу субот, ваҳдати инсонӣ ва оромиши сиёсӣ дар сайёраи мо ба шумор меравад. Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳамчун кишвари ташаббускор ҷиҳати дар меҳвари амал гузоштани маҷмуи нақшаву ҳадафҳои қатъномаи «Соли байналмилалии маърифати ҳуқуқӣ, 2027» таҷрибаи ғанӣ дорад. Мо ҳамагон шоҳиди он ҳастем, ки бо ташаббуси Пешвои миллат соли 2024 дар Тоҷикистон Соли маърифати ҳуқуқӣ эълон гардида, барои боло бурдани маърифати ҳуқуқии ҷомеа дар сатҳи миллӣ тадбирҳои муайян ва барномаҳои мушаххас коркард ва татбиқ шуданд. Ҳоло имкон пеш омадааст, ки дар ҳамкорӣ бо созмонҳои бонуфузи ҷаҳонӣ, кишварҳои ҳамраъй ин барномаҳои миллӣ дар арсаи ҷаҳонӣ татбиқ гардида, барои таъмини кафолати ҳуқуқи инсон дар ҷаҳони муосир хидмат кунанд.
Мо, донишҷӯёни риштаҳои ҳуқуқшиносии донишгоҳҳои олии кишвар баробари эҳсоси саодатмандӣ аз истиқболи ин ташаббуси ҷаҳонии Пешвои миллат аз сӯйи кишварҳои узви СММ бояд масъулияти баланд эҳсос намоем, зеро яке аз қувваҳои асосии амалкунандаи ҳадафҳои қатъномаи мазкур ба шумор меравем. Яке аз меҳварҳои аслии ин қатънома ба тақвиятбахшии барномаҳои таълимии муассисаҳои таълимӣ дар иртибот ба донишҳои ҳуқуқӣ ба шумор меравад. Ҳоло ки то марҳалаи амали нуктаҳои қатъномаи мавриди назар камтар аз як соли дигар боқӣ мондааст, худро вазифадор мешуморем, ки дар навбати аввал барои боло бурдани сатҳи саводу маърифатии ҳуқуқии хеш, ҳамчун мутахассисони ояндаи риштаи ҳуқуқшиносӣ иқдом намоем, зеро ин ҳуҷҷати сарнавиштсози байналмилалӣ яке аз раҳнамоҳои аслии таҳсил ва фаъолияти минбаъдаи мо ҳамчун муҳассилини риштаи ҳуқуқи байналмилалӣ хоҳад буд. Бо ин мақсад тамоми саъйу кӯшиши хешро аз имрӯз дар роҳи иҷрои ҳадаф ва барномаҳои ин ташаббуси ҷаҳонии Пешвои миллат равона мекунем, то саодати инсон дар тамоми сайёраи бузурги мо ҳамеша пойдору устувор боқӣ бимонад.
Меҳрдоди НУРАЛӢ,
донишҷӯйи Донишгоҳи давлатии ҳуқуқ, бизнес ва сиёсати Тоҷикистон
