МУҲОРИБАҲОИ ОМЕХТА
Муин Ғафуров муҳорибаи навбатиашро дар UFC доир мекунад
Варзишгари тоҷик Муин Ғафуров рақобати навбатиашро дар ташкилоти UFC бо намояндаи Лаҳистон Ёқуб Виклач баргузор мекунад. Ин муҳориба 8-уми феврал дар мусобиқаи “UFC Vegas” сурат мегирад.
Дар назар аст, ки муҳориба дар вазни сабуктарин баргузор шуда, 3 раунд идома кунад. Муин Ғафуров 29-сола буда, дар корномаи варзишиаш дар муҳорибаҳои омехта 21 ғалаба ва 6 шикаст дорад. Рақиби ӯ Ёқуб Виклач ҳам 29-сола аст ва дар муҳорибаҳои омехта 16 маротиба пирӯз шуда, 3 бор шикаст хӯрдааст.
Дар ташкилоти маъруфи UFC аз Тоҷикистон се варзишгар: Нурулло Алиев, Муин Ғафуров ва Муҳаммад Наимов баромад мекунанд.
ФУТБОЛ
Радабандии FIFA: Тоҷикистон як зина боло шуд
Тими миллии Тоҷикистон дар радабандии нави FIFA (Федератсияи байналмилалии футбол), ки 19-уми январ нашр шудааст, бо 1224,93 хол як зина боло шуда, байни 211 дастаи мунтахаб дар ҷойи 100-ум қарор дорад.
Дар ин феҳраст мунтахаби Испания мисли пешин дар ҷойи аввал аст. Мунтахаби Аргентина ҷойи дуюм ва мунтахаби Фаронса мақоми сеюмро соҳиб шудаанд. Тимҳои миллии Англия, Бразилия, Португалия, Нидерланд низ мавқеашонро дар зинаи 4-7 нигоҳ доштанд. Марокаш, ки дар Ҷоми миллатҳои Африқо то финал баромад, се зина боло шуда, дар ҷойи 8-ум мавқеъ гирифт. 10-гонаи беҳтаринҳо бо Белгия ва Олмон хатм мешавад.
Тоҷикистон дар байни тимҳои миллие, ки ба Конфедератсияи футболи Осиё (AFC) шомиланд, ҷойи 17-умро аз худ кардааст. Дар Осиё Ҷопон дар мақоми аввал (дар ҷаҳон 19-ум), Эрон дар ҷойи дуюм (дар ҷаҳон 20-ум) ва Ҷумҳурии Корея дар зинаи сеюм (дар ҷаҳон 22-юм) мавқеъ доранд.
Сенегал – ғолиби Ҷоми миллатҳои Африқо
Бозии ниҳоии Ҷоми миллатҳои Африқо - 2025 миёни мунтахабҳои Сенегал ва Марокаш 19-уми январ дар шаҳри Работ баргузор шуд.
Вақти асосӣ бо ҳисоби мусовии 0:0 анҷом ёфт. Дар вақти иловагӣ Сенегал бо ҳисоби 1:0 ғалаба кард. Голи ягонаи бозӣ дар дақиқаи 94-ум аз ҷониби нимҳимоятгари Сенегал Пап Гейе зада шуд.
Ҳамин тавр, тими миллии Сенегал бори дуюм ғолиби Ҷоми миллатҳои Африқо шуд. Бори аввал соли 2021 тими миллии Сенегал унвони чемпиониро соҳиб шуда буд.
Ҷоизаи “Фейр-плей” ба тими Марокаш дода шуд. Ҷоизаи “Беҳтарин дарвозабон”-ро Ёсин Буну аз ҳайати Марокаш сазовор гашт. Садио Мане аз ҳайати Сенегал “Беҳтарин бозигари мусобиқа”, Браҳим Диас аз ҳайати Марокаш бо 5 гол “Беҳтарин нишонзан” эътироф шуданд.
Умаралӣ САФАРАЛӢ, “Ҷумҳурият”
