ҶАҲОН ДАР ЯК САТР
ТАСС. Намояндаи Дабири кулли СММ Стефан Дюжаррик дар нишасти матбуотӣ гуфт, ки СММ интизор дорад, то 18 май, вақте ки муҳлати созишномаи ғалла ба поён мерасад, баҳсҳои нав дар бораи тамдиди он сурат хоҳанд гирифт.
RT. Иқтисоддонҳо, пажӯҳишгарони сиёсати давлатӣ ва дигар коршиносон тахмин мезананд, ки арзиши иқтисодии пандемияи коронавирус дар Иёлоти Муттаҳидаи Амрико то охири соли равон ба 14 триллион доллар мерасад. Ин маънои онро дорад, ки пандемия гаронтарин офатест, ки дар ин аср ба кишвар расидааст, – менависад Los Angeles Times.
Лента.ру. Намояндаи доимии Ҷумҳурии Мардумии Чин дар СММ Чжан Сзюн дар маҷлиси Шурои амният сухан карда, хостори фароҳам овардани шароит барои музокира дар бораи Украина шуд, на “ба оташ равған рехтан”. Ба андешаи ӯ, кишварҳо бояд дарк кунанд, ки ёфтани роҳи ҳалли фаврии буҳрон зарур аст.
АИР «Новости». Дар семоҳаи аввали соли 2023 Россия ба Ҳиндустон миқдори рекордии мол содир карда, бори аввал дуюмин таъминкунандаи бузургтарини ин кишвар гардид. Содироти Россия ба Ҳиндустон моҳҳои январ-марти соли ҷорӣ нисбат ба ҳамин давраи соли гузашта 4,7 баробар афзуда, ба 15,5 миллиард доллар расид, ки ин баландтарин нишондод дар семоҳа дар таърих аст.
Санаи нашр: 16.05.2023 №: 102