СУҒД. ХУҶАНД – БЕҲТАРИН ШАҲР, ДЕВАШТИЧ – БЕҲТАРИН НОҲИЯ

16 январ 2026, Ҷумъа
5


Дар вилояти Суғд озмуни вилоятии «Беҳтарин шаҳру ноҳия, шаҳраку деҳот, деҳа, маҳали аҳолинишин ва хонаи истиқоматӣ» ҷамъбаст гардида, ғолибон аз рӯйи бахшҳои гуногун муайян ва қадр гардиданд.
Тавре хадамоти матбуоти раиси вилоят хабар додааст, дар номинатсияи «Шаҳри беҳтарин» шаҳри Хуҷанд ҷойи аввалро сазовор гашт. Шаҳрҳои Бӯстон ва Гулистон мақомҳои дуюму сеюмро соҳиб шуданд. Дар бахши «Ноҳияи беҳтарин» бошад, ноҳияҳои Деваштич, Айнӣ ва Ҷаббор Расулов мутаносибан се ҷойи аввалро ба даст оварданд.
Дар бахши «Маҳаллаи беҳтарин» маҳаллаи Мусаффои ноҳияи Бобоҷон Ғафуров ҷойи якум, маҳаллаи ба номи Мирзо Турсунзодаи ноҳияи Спитамен ҷойи дуюм ва маҳаллаи дуюми шаҳри Истиқлол ҷойи сеюмро гирифтанд. Дар бахши «Деҳаи беҳтарин» ҷойи якум насиби деҳаи Сангистон (Айнӣ) гардид. Мақоми дуюмро деҳаи Навкент (Шаҳристон) ва ҷойи сеюмро деҳаи Сабағ (Кӯҳистони Мастчоҳ) ба даст оварданд. Дар номинатсияи «Деҳоти беҳтарин» Ҷамоати деҳоти ба номи Лоиқ Шералии шаҳри Панҷакент ҷойи аввалро мушарраф шуд. Ҷамоатҳои деҳоти Палдораки ноҳияи Мастчоҳ ва Патари шаҳри Конибодом мутаносибан ҷойҳои дуюм ва сеюмро ишғол намуданд. Дар бахши «Шаҳраки беҳтарин» бошад, шаҳраки Сирдарёи шаҳри Гулистон ҷойи якум, шаҳраки Шӯроби шаҳри Исфара ҷойи дуюм ва шаҳраки ба номи Ҳамид Алиеви ноҳияи Зафаробод ҷойи сеюмро сазовор шуданд.
Раиси вилояти Суғд Раҷаб Аҳмадзода ва муовини якуми Сарвазири ҷумҳурӣ Ҳоким Холиқзода ба ғолибони озмун вимпел ва мукофоти пулӣ супурданд.
У. САФАРАЛӢ, “Ҷумҳурият”

Санаи нашр: 16.01.2026 №: 10