Тавзеҳи Паёми Президент ба Маҷлиси Олӣ дар Кумитаи рушди маҳал

22 январ 2026, Панҷшанбе
27


Ҳамоиш бо иштироки муовини Раиси Маҷлиси намояндагон Мавсума Муинӣ ва вакили Маҷлиси намояндагон Ҳусния Исҳоқӣ гузашт.
Зимни он ба муҳтавои асосии Паём таваҷҷуҳ шуда, самтҳои муҳими рушди иҷтимоию иқтисодӣ, энергетика, сиёсати давлатии ҷавонон, таҳкими оила, пешгирии амалҳои номатлуб, баланд бардоштани ҳисси худшиносиву худогоҳии наврасону ҷавонон ва вусъат бахшидани корҳои созандагиву бунёдкорӣ баррасӣ гардид.
«Дар робита ба эълон гардидани соли 2026 – Соли вусъат додани корҳои ободониву созандагӣ ва тақвияту таҳкими худшиносиву худогоҳии миллӣ ҳар яки моро зарур аст, ки дар ободонӣ ва пешрафти Ватани азизамон саҳми арзанда дошта бошем», – гуфта шуд дар ҳамоиш.


Маҷлиси намояндагон ба якчанд қонун тағйиру илова ворид кард
21-уми январ таҳти раёсати Раиси Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олӣ Файзалӣ Идизода ҷаласаи навбатии иҷлосияи дуюми Маҷлиси намояндагон, даъвати ҳафтум, баргузор гардид.
Вакилон лоиҳаҳои қонунҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи истифодаи маблағҳои фонди захиравии Бонки миллии Тоҷикистон», «Оид ба ворид намудани тағйиру иловаҳо ба Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи хариди давлатӣ», «Оид ба ворид намудани тағйиру иловаҳо ба Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи рамзҳои давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон», «Оид ба ворид намудани илова ба Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи рӯзҳои ид»-ро муҳокима карда, қарорҳои дахлдор қабул намуданд.


Марҳалаи дуюми ҷорӣ намудани нақлиёти ҷамъиятии барқӣ дар Бохтар амалӣ мешавад
Вазорати молия ва Бонки аврупоии таҷдид ва рушд барои татбиқи марҳалаи дуюми лоиҳаи «Ҷорӣ намудани нақлиёти ҷамъиятии барқӣ дар вилояти Хатлон» созишнома имзо карданд.
Арзиши созишномаи мазкур 10 миллион евроро ташкил медиҳад.
Ҳадафи асосии лоиҳа хариди автобусҳои барқӣ ва таҷҳизот, сохтмони майдони таваққуфгоҳ ва баланд бардоштани сифати хидматрасонии нақлиёти ҷамъиятӣ дар вилояти Хатлон ба ҳисоб меравад. Бо ворид шудани электробусҳои нав, шумораи кормандони КВД «Бохтарнақлиётхидматрасон» аз 93 ба 180 нафар мерасад.


Дар ноҳияи Бобоҷон Ғафуров корхонаҳои нави саноатӣ бунёд мегарданд
Бо мақсади истиқболи сазовори Ҷашни 35-солагии Истиқлоли давлатӣ ва дар доираи Солҳои рушди саноат (2022 – 2026) дар ноҳияи Бобоҷон Ғафуров бо саҳми соҳибкорон якчанд корхонаи саноатӣ ва истеҳсолӣ бунёд мешавад.
Ба иттилои хадамоти матбуоти раиси вилояти Суғд, аз ҷониби ҶДММ «Ирода Инвест» корхонаи истеҳсоли равған бунёд мегардад, ки иқтидори истеҳсолии он дар як шабонарӯз то 200 тонна равғани истеъмолиро ташкил медиҳад. Ҳамчунин, корхонаи коркарди коғаз мавриди баҳрабардорӣ қарор мегирад, ки 35 – 40 нафар бо ҷойи кор таъмин хоҳад шуд.


Дар МОИ «Данғара» татбиқи лоиҳаҳои нав бо сармоягузорони Чин баррасӣ шуд
Бо мақсади таҳким бахшидани ҳамкориҳои иқтисодию сармоягузорӣ ва ҷалби сармояи хориҷӣ, роҳбарияти Минтақаи озоди иқтисодии «Данғара» бо сармоягузорони Ҷумҳурии Мардумии Чин мулоқот кард.
Ҷонибҳо вобаста ба имконияти мавҷудаи сармоягузорӣ, имтиёзҳои ҳуқуқию иқтисодии Минтақа, шароити мусоиди фароҳамгардида барои фаъолияти соҳибкорӣ ва дурнамои татбиқи лоиҳаҳои муштарак табодули афкор намуданд.


Тақвияти ҳамкории «Тоҷикфилм» бо Институти аудиовизуалии Фаронса
Масъалаи густариши ҳамкорӣ дар самти ҳифз, рақамисозӣ ва таблиғи бойгониҳои синамоӣ зимни вохӯрии директори «Тоҷикфилм» бо намояндаи Институти аудиовизуалии Фаронса баррасӣ гардид.
Тавре ин ниҳод хабар додааст, дар вохӯрӣ имкониятҳои ба роҳ мондани барномаҳои муштарак, табодули таҷриба, омӯзиши мутахассисон ва истифодаи технологияҳои муосир дар соҳаи бойгонӣ ва паҳнкунии маводи аудиовизуалӣ баррасӣ гаштанд.
Ҳамчунин, ҳангоми мулоқот масъалаи муаррифии филмҳои тоҷикӣ дар ҷашнвораҳо, намоишгоҳҳо ва бозорҳои байналмилалии кино мавриди таваҷҷуҳ қарор гирифт.

Санаи нашр: 22.01.2026 №: 14